Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1144672
Сегодня
42
На этой неделе
118
В этом месяце
1366
Итого
1144672
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

22.02.2021

Паёми табрикии и.в. раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси сарфарозист, ки бисту ҳаштумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соли таърихӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатиамон дар фазои сулҳу оромӣ ва амну субот ҷашн гирифта мешавад.

Ба муносибати ин санаи фархунда тамоми ҳамдиёрон, алалхусус, сарбозону афсарон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамаи ҳомиёни содиқи Ватанро самимона табрику таҳният мегӯям.

Бешубҳа, Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, 28 сол инҷониб дар пойдории   сулҳу ваҳдати  ҷомеа  нақши муассир мегузорад.

Имрӯзҳо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Артиши миллӣ баҳри муҳайё кардани шароити мусоиди хизмату зиндагӣ, сайқал додани омодагии ҷангӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти афсарону сарбозон ва интизоми ҳарбии ҳайати шахсӣ тамоми имкониятҳо равона карда шудаанд.

Дар ин раванд бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат  азнавсозии бомароми Қувваҳои Мусаллаҳ ва вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳону минтақа таъмини он бо техникаву лавозимоти пешрафтаи ҳарбӣ амалӣ карда мешавад, ки ислоҳоти мазкур кафолати  ҳимояи давлат аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳои  ҷаҳони муосир аст.

Боиси қаноатмандист, ки ҳамасола садҳо ҷавонписарони шуҷои  Конибодом низ, дар баробари тамоми ҷавонони кишвари азизамон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, қарзи муқаддаси фарзандии хешро сарбаландона адо менамоянд ва дар самти баланд бардоштани иқтидори мудофиавии ҷумҳурӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ  саҳми арзанда мегузоранд.         

Маҳз, хизмати содиқона ва матонату мардонагии хизматчиёни ҳарбии Артиши миллиамон ҳамчун сипари боэътимод  моро  имконият медиҳад, ки  бо хотири ҷамъу дили пур баҳри сарсабзиву хуррамии  диёри азиз ва  ободиву осудагии рӯзгори  сокинон аҳлонаву сарҷамъона   меҳнат намоем.

Бори дигар, 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамшаҳриён ва ҳомиёни Ватан табрик гуфта, баҳратон тамоми хушиҳои зиндагиро  таманно   мекунем.

Бигзор, дар Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ ва осмони софу беғубор  ҷовидонӣ бошад!

Рӯзи Ќувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!   

Возврат к списку новостей