Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1128202
Сегодня
5
На этой неделе
495
В этом месяце
398
Итого
1128202
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

22.02.2021

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 28-солагии қувваҳои мусаллаҳ

22 феврали соли равон дар қасри фарҳанги шаҳри Конибодом чорабинии тантанавӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ќувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди маънавию фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии идона сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ, ҳайати шахсии комиссариати ҳарбӣ, кормандони мақомоти қудратӣ,  собиқадорони вазорати дифоъ, ҷанговарони байналмилал, иштирокдорони барқароркунии сохти конститутсионӣ, садамаи Чернобил, намояндагони ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Дар чорабинии тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода иштирок намуда, ҳамагонро бо санаи фархундаву шукӯҳманд – солгарди навбатии Рӯзи таъсисёбии Ќувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфтанд.

Сипас, барои хизмати содиқонаву босамар, саҳми арзанда дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлату ҷомеа, тарбияи насли ҷавону наврас дар руҳияи ватандӯстиву садоқатмандӣ ва ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ќувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолон ва хизматчиёни ҳарбӣ бо медалҳои ҷашнӣ, ифтихорномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тӯҳфаҳо ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва комиссариати ҳарбии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи рангини консертии санъаткорони шаҳр ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.

Возврат к списку новостей