Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1128201
Сегодня
4
На этой неделе
494
В этом месяце
397
Итого
1128201
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

12.02.2021

Вохӯрии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон

Ҳафтаи сипаришуда вохӯрии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимова Карима Муқимовна ва гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳайати мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмхои иқтисодӣ Азимов Абдумавлон, дотсенти кафедраи таърихи ватани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Шарипов Шавкат, сардори маркази иттилоот ва таҳлили МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Ҳодибоев Фаридун оид ба тарғиби муҳтавои Паёми Президенти Чумхурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо сокинони шаҳри Конибодом дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар вохӯриҳо, ки тибқи ҷадвал дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутиӣ, толори тарабхонаи «Меҳрона»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарипов, толори Љамоати деҳоти ба номи Раҷаб Њамробоев, толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и Ҷамоати деҳоти Патар, толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и Ҷамоати деҳоти Пӯлотон ва толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и Ҷамоати деҳоти Пӯлотон ва толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и Ҷамоати деҳоти ба номи Гафурҷон Ортиқов доир гаштанд, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимова Карима Муқимовна ва гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба оқибатҳои ногувори бемории сироятии коронавируси COVID-19, вазъи некуаҳволии мардуми кишвар дар шароити паҳншавии бемории сироятӣ ва чораандешии Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии он, оид ба амалисозии самтҳои муҳими стратегии мамлакат, аз ҷумла сиёсати давлат дар соҳаи саноат, рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷиҳати татбиқи эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанхои риёзӣ, дақиқ ва табииӣ дар соҳаи илму маориф» ташкили озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», дар бораи маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ, рушди робитаҳои дипломатӣ бо 178 мамлакатҳои ҷаҳон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавиӣ гаштани Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Қайд карда шуд, ки бо ҳидоят ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон гурӯҳҳои осебпазири аҳолиӣ – ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон таҳти парасториӣ ва дастгирии доимии Њукумати мамлакат қарор гирифтааст. Дар робита ба ин, Сарвари мамлакат дастур доданд, ки аз 1 сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ ба андозаи 20 фоиз, нафакаи кудакони маъюби то синни 18-сола ба андозаи 20 фоиз, нафакаи маъюбони гурухи якум ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.

Оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ вакилон дар баромадхои худ иброз доштанд, ки Истиклолият барои халқи тоҷик рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил мебошад. Бо сиёсати ҳадафмандонаи Пешвои муаззами миллат таърихи беш аз 6000-солаи тоҷикон, ки аз миллатҳои қадимаи дунё ба шумор мераванд, аз нав эҳё мегардад ва истиқболи ҷашнҳои миллиӣ аз қабили Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон исботи он аст.

Дар рафти мулоқот бо сокинон ва фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ  гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар бораи оқибатҳои ногувори бемории сироятии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ёдоварӣ намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати пешгирии ин беморӣ эҳтиёткор бошанд.

Возврат к списку новостей