Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1118959
Сегодня
169
На этой неделе
404
В этом месяце
2452
Итого
1118959
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

06.01.2021

Вохӯрии вакил бо интихобкунандагон

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба гузаронидани вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон санаи 5-уми январи соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом вохӯрии фаъолон бо вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 Раҷабзода Равшон Муҳиддин бо иштироки вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби Аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонов Мансур ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Конибодом баргузор гардид.  Дар рафти вохӯрӣ вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 Раҷабзода Равшан Муҳиддин доир ба фаъолияти нуҳмоҳаи худ ҳисобот дод. Дар рафти баромади худ Раҷабзода Равшан Муҳиддин инчунин ба мушкилиҳои мавҷудаи руз истода, доир ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, истифодаи босамар ва мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва муқовимат нишон додан зидди амалишавии маромҳои нопоки душманони давлату миллат ибрози афкор намуд. Баъдан, вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби Аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонов Мансур ба сухан баромада, доир ба самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, хусусан заминҳои Президентӣ ва ҳадафи чорруми стротегии кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат ибрози андеша намуд.
Дар фарҷом аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборӣ Бурҳониддин Исҳоқ ба музокира баромад. Ҳамчунин, аз ҷониби интихобкунандагон ба вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Конибодом №19 Раҷабзода Равшан Муҳиддин доир ба ҳалли баъзе мушкилиҳо саволҳо пешниҳод гардид, ки вакил ба онҳо ҷавобҳои муфассал гардонид.

Возврат к списку новостей