Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1118958
Сегодня
168
На этой неделе
403
В этом месяце
2451
Итого
1118958
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

08.01.2021

Иштирокчии озмуни "Точикистон-Ватани азизи ман"

Соли равон ба таъсиси мактаби санъати ба номи Дилором Баҳромоваи шаҳри Конибодом  60 соли пур мешавад. Дар ин муддат ин боргоҳи маърифатро садҳо нафар хатм намудаанду имрӯзҳо теъдоди зиёди онҳо соҳиби обрӯву шуҳрат ва унвонҳои баланди соҳавӣ шудаанд. Алъон дар ин ҷо 30 нафар омӯзгорон ба 392 нафар муҳассилин дар азхудсозии нозукиҳои ҳунари сарояндагӣ ва навохтани асбобҳои мусиқӣ, чун доираву дутор, рубобу ғижжак, фортопиано, аккордеон, маҳорати актиёрӣ ва рақс кӯмак мерасонанд. 
Олами санъату ҳунар басо рангину пурафзунаст. Дар ин ҷаҳони пурасрор танҳо нафароне эътибору эътибор пайдо кардаанд, ки соҳиби истеъдоди хоса ва илҳоми саршор, қобилияту ҷустуҷӯи пайваста буданд. Маҳз хоҳишу завқи баланд ба санъату ҳунар басо ҳунармандони варзидаро ба қуллаҳои баланди ҳунар расонидааст. Собирчон Шамсиев аз ҷумлаи наврасони соҳибзавқаст, ки нисбат ба ҳунари сарояндаги́ шавқи зиёд дорад. Ӯ ҳар рӯз  ба мактаби санъати бачагона меояд, то ки маҳорати худро сайқал дода, дар ҷодаи ҳунар устувор бошад.  Собирчон иштирокчии озмуни чумхуриявии "Точикистон ватани азизи ман" буда, дар жанри сурудхонии анъанави́ баромад намуда, сохиби диплом шудааст.  . Дар мавриди ҳунару хонишаш бо Собирчон суҳбати кутоҳе доштем. Мисли ӯ чандин наврасони дигар ба ин даргоҳи ҳунар омада, нозукиҳои ҳунару навохтану сароиданро меомӯзанд. Директори мактаби санъати ба номи Дилором Баҳромова мегӯяд, ки "Мусиқӣ ин санъатест, ки руҳу ҷисми инсонро муассир сохта, ба рушду такомули шахсияти ӯ имкониятҳои васеъро фароҳам меорад. Бесабаб нест, ки аксарияти шахсиятҳои бузурги таърихи гузаштаи инсоният ба ин ё он намуди асбоби мусиқӣ дилбастагӣ доштанду онҳоро навохта метавонистанд. Мусиқӣ одамро ба андешаҳои амиқ ва орзуҳои баланд водор мекунад. Шахсе, ки дар зиндагӣ бо санъати мусиқӣ бештар иртибот мегирад, бо сатҳи баланди дарки олами атроф, қобилияти зеҳнӣ, меҳрубониву инсондӯстӣ аз дигарон фарқ мекунад. Кайҳо исбот шудааст, ки руҳи инсон аз шунидани мусиқии хуб  болида мегардаду  дар баъзе ҳолатҳо ҳатто ҷисми ӯ аз бемориҳо раҳоӣ меёбад.Пас дар шароити имрӯза бобаробари дигар илму фанҳои замона ҷалб намудани кӯдакону наврасон ба омўзиши санъати мусиқӣ дар азми поксозии андешаи насли наврас ва тарбияи инсонҳои худогоҳу ватандӯст мувофиқ ба мақсад мебуд.

Возврат к списку новостей