Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1118959
Сегодня
169
На этой неделе
404
В этом месяце
2452
Итого
1118959
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

01.01.2021

РАИСИ ШЎРОИ СОБИҚАДОРОНИ ШАҲР ПОЛКОВНИК СОЛИҶОН РАҲИМОВ АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо андӯҳи гарон хабар медиҳад, ки қалби яке аз фарзандони фарзонаи диёр раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Раҳимов Солиҷон аз задан бозмонд.

Марҳум тӯли 42 сол фаъолияти меҳнатии босамар дошта, аз он 38 сол дар мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр сарбаландона дар таълиму тарбияи насли ҷавон саҳм гузоштаанд. Наздик се сол вазифаи басо пурмасъулият - Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳрро бар зимма дошта, дар самти ҳифзи иҷтимоии собиқадорон, ҷалби онҳо ба корҳои судмандонаву манфиатнок ба хотири рушду пешрафти ҷомеа ва  тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ фаъолияти густурдаву босамар доштанд.

Таъкид кардан зарур аст, ки саҳми марҳум ҳамчун собиқадори соҳаи ҳарбӣхосатан дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстонаи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати Модар - Ватан дар  сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хеле арзанда аст.

Муҳим аз ҳама, устоди шодравон Солиҷон Раҳимов дар ҷомеа ҳамчун шахси  некному оқил, хоксору фурӯтан ва фидоии кори миллату давлат эътироф шуда, миёни мардум эҳтироми хоса ва   мақоми волоро сазовор буданд.

Давлату Хукумат хизматҳои арзандаи устодро бо мукофоти давлатии “Медали хизмати шоиста”, ордени “Барои хизматҳо дар сафи Ҷамъияти ихтиёрии мададгори мудофиаи Федератсияи Россия” дараҷаи 3 ва як қатор медалҳои ҷашниву ифтихорномахо  сарфароз гардонидааст.

Албатта, мардуми Конибодом ҳамаи он заҳмату талошҳои марҳумро хуб дар ёд доранд ва имрӯз ҳам бо эҳтироми баланд аз он муваффақиятҳо  сухан мекунанд.

Кору пайкор, таҷрибаи бойи роҳбариву кордонии устоди шодравон барои насли созандаву бунёдкори ҷомеа  ҳамчун тимсоли барҷастаи ибратпазирӣ маҳсуб меёбад.

Ва минбаъд, ҳамчун сарчашмаи маънавӣ, меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватани маҳбуб ва инсонпарварӣ  хизмат  хоҳад  намуд.

Аз дунё рафтани чунин шахси маҳбуб, инсони комил ва поксиришту соҳибдил сокинони тамоми диёрамон ва ҳамаи онҳоеро, ки эшонро мешинохтанду гиромӣ медоштанд, ғарқи  андӯҳ намуд.

Изҳори боварӣ мекунем, ки  корҳои нек, таҷрибаи бойи касбӣ ва васияту ҳидояти он касро минбаъд, фарзандону пайвандон дар пешбурди фаъолияти хеш ва ободии ватани азиз идома дода, ному хотироти наҷибашонро гиромӣ хоҳанд дошт.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба аҳли хонавода, наздикону пайвандон ва дӯстону шогирдони марҳум ҳамдардии амиқи худро изҳор намуда,  ба   онҳо   аз   даргоҳи Худованди муттаол сабри ҷамил мехоҳад.

Манзили охирататон ободу рӯҳатон ҳамеша шод бод, устоди гиромӣ!

 

   Алвидоъ, устоди азиз,

   Алвидоъ! Алвидоъ!

Возврат к списку новостей