Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1118958
Сегодня
168
На этой неделе
403
В этом месяце
2451
Итого
1118958
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

30.12.2020

Аёдати афсарону сарбозони қисми низомӣ

Дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шахри Конибодом мухтарам Абдусалом Тухтасунзода ба қисми ҳарбии 04080-и воқеъ дар шари Конибодом ташриф оварда, нахуст кулли сарбозону афсаронро бо фарорасии соли нави мелодии 2021 табрик намуда, барои ҷасурию далерии афсарон ва баҳри камари ҳиммат бастанашон дар хизмати модар ва дифои Ватан миннатдорӣ намуда, бо ифтихор таъкид дошт, ки: -«Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати неку ояндасози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъминоти моддию техникӣ, шароити хизмати афсарону сарбозон беҳтар гардида, Артиши кишвар баробари муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаю муҳимоти ҷангии муосир ба як ниҳоди пурқувват мубаддал гардидааст. Умед дорам Шумо афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой меоваред».

Ба афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ́ маводҳои хӯрока тақдим гашта, инчунин, аз ҷониби МИҲД-и шаҳр ба афсарони қисми низомии мазкур дастархони идона ва оши палов ташкил карда шуд.

Афсарону сарбозон дар навбати худ ба и.в. раиси шахр барои диққати махсус зоҳир намуданаш ба ин қисми низомӣ изҳори сипос намуданд.

Возврат к списку новостей