Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1118954
Сегодня
164
На этой неделе
399
В этом месяце
2447
Итого
1118954
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

31.12.2020

ПАЁМИ табрикии и.в. Раиси шаҳр муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода ба муносибати Соли нави мелодии 2021

Ҳамдиёрони азиз!

 

Инак, ба диёрамон Соли нави мелодӣ фаро мерасад ва мову шумо чун анъана онро бо шодиву фараҳ ва умеду орзуҳои накӯ истиқбол менамоем.

Ба ин муносибат - фарорасии Соли нави мелодии 2021 ҳамаи ҳамшаҳриёни азизро бо камоли мамнуният ва эҳтирому самимияти беандоза муборакбод намуда, ба ҳар як хонадон хушбахтиву иқболи нек, рӯзгори ободу осуда ва файзу баракот орзумандам.

Соли сипаришудаистодаи 2020 дар саҳифаҳои таърихи кишвари азизамон ҳамчун соли дастовардҳои беназир, дигаргуниҳои бузурги бунёдкоронаву созанда ва баргузории ҷашнвораҳои таърихии фаромӯшнопазир сабт гардида, дар хотири ҳар яки мо чун соли бобарор нақш хоҳад баст.

Маҳз аз ин лиҳоз, ҳар яки мо соли 2020-ро бо шукргузориву қаноатмандӣ падруд мегӯем.   

Қобили қайд аст, ки дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, кишоварзиву саноат, иқтисодиёт, маорифу фарҳанг ва тандурустӣ пешравиҳо ба амал омада, соли равон ин самтҳои фаъолиятамон бо натиҷаҳои мусбӣ ҷамъбаст шуда истодааст.

Ба истифода дода шудани як қатор иншооти гуногун, аз қабили бунёду навсозии таълимгоҳҳо, марказҳои саломатӣ, кӯдакистонҳо ва синфхонаҳои иловагӣ, ҳамзамон ба сомон расонида шудани таъмиру таҷдиди роҳҳо ва беш аз пеш ҷалб гардидани роҳбарону фаъолон, соҳибкорону саховатмандон ба ташаббусҳои аҳлонаву дастаҷамъона дар маҳалу деҳот албатта, боиси зикр аст.

Ҳамаи ин пешрафтҳо натиҷаи заҳмати пайвастаи сокинони шаҳр баҳри ободии рӯзгори мардуми азизамон ва сарсабзии кишвари соҳибистиқлоламон маҳсуб ёфта,  боиси қаноатмандии аҳли ҷомеа  мебошад.

Изҳори бовариву эътимод мекунем, ки бо азму талоши садоқатмандонаву софдилона дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои бунёдкоронаву созандаи хешро дар соли нави 2021 низ тадриҷан амалӣ хоҳем кард.

Чуноне ки маълум аст, соли нави 2021 дар сарнавишти кишвари тозаистиқлоламон, ҳамчун соли боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ, таҷлили ҷашни мубораку муқаддаси милламон – 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, аз ин лиҳоз,  мо бояд тамоми ҳастию нерӯи худро баҳри истиқболи сазовори  ин санаи тақдирсоз ва корҳои ободониву созандагӣ равона созем.

Бо ҳамин ниятҳои нек,  бори дигар, шумоён ҳамдиёрони азизро бо фарорасии соли нави мелодии 2021 сидқан ва самиман муборакбодӣ намуда,  бароятон пирӯзиву сарфарозиҳо, шодиву нишот, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу амонӣ таманно мекунем.

 

Соли нави мелодӣ муборак,  ҳамдиёрони азиз!

 

Бо эҳтиром

и.в. Раиси шаҳр                             Тӯхтасунзода А.

Возврат к списку новостей