Посетители
24.11.2020
Таҷлили рўзи Парчами давлатӣ
Бахшида ба Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги шаҳри Конибодом бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ, омӯзгорон ва муҳассилини муассисаҳои маориф ва собиқадорон ҷамъомади бошукӯҳе доир гардид.
Дар ҷараёни он иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Тӯхтасунзода Абдусалом ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Анвар Яқубӣ баромад намуда, аз номи раисони вилоят ва шаҳр ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳру деҳоти Конибодомро бо Рӯзи Парчами давлатии Љумҳуриии Тоҷикистон сидқан муборакбод гуфтанд.
Зимнан гуфта шуд, ки «Санаи 24 ноябр барои тоҷикону тоҷикистониён натанҳо рӯзи арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, балки ҳамчунон рӯзи гиромидошти арзишҳои деринаи таърихию фарҳангӣ ва маънавии миллӣ, гузашта аз ин, рӯзи эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Парчами давлатӣ баёнгари соҳибистиқлолии мамлакат, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддун, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ, рамзи баҳамоиву ваҳдатофарӣ ва башоратдиҳандаи азму иродаи устувори мардум мебошад.
Дар ҷараёни ҷамъомади идонаи мазкур як қатор пешқадамону фаъолони соҳаҳои гуногун ва ғолибону ҷоизадорони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, ҳамзамон ба як қатор ҳунармандони шаҳр нишони Аълочии фарҳанги Љумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Дар анҷом аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи зебои тараннумгари эҳсоси соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Ҳамчунин, дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ якчанд нафар собиқадорони меҳнат аз тарафи роҳбарияти ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳо аёдат карда шуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр собиқадорони барӯманд Дадобоев Эркинҷон ва Азимова Нориҷон ба ғамхориҳо фаро гирифта шуданд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?