Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1118957
Сегодня
167
На этой неделе
402
В этом месяце
2450
Итого
1118957
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

24.11.2020

Паёми табрикотии и.в. раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзода

Ҳамдиёрони азиз!

Бо камоли ифтихор ва самимияти беандоза шумоёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои муҳими давлатдории миллиамон ба шумор меравад, самимона муборакбод менамоям.

Парчам барои миллати мо рамзу нишони ватандорӣ, сарбаландӣ ва матонату шуҷоат буда, аз аҷдодони некномамон мерос мондааст ва насли имрӯзонро ҳамчун василаи ваҳдату ягонагӣ гиромӣ медоранд.

Тавре таърих гувоҳӣ медиҳад, парчами нахустини ниёгонамон дирафши ковиёнӣ ҳамчун мазҳари ватандӯстиву меҳанпарастӣ онҳоро ба зафару нусратҳо ҳидоят намуда, давлати бузургу соҳибтамаддуни Ориёнро муттаҳид  мекард.

Дар таърихи навин парчами озодӣ ва соҳибдавлатии миллатамон дар Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, имрӯзҳо он чун нишони садоқату ватандорӣ бар фарози ҳамаи иншооти азим, ташкилоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои фарҳангиву таълимӣ ва коргоҳҳо барафрохта шудааст.

Имрӯзҳо дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдонҳои Парчами давлатӣ бунёд гардида, аз ҷумла дар Конибодом низ, дар ҳудуди майдони Шоҳ Исмоили Сомонӣ бар фарози сутунливои муҳташам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшонӣ мекунад ва ин мавзеъ ба макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои ватандӯстонаи сокинон, бахусус ҷавонон табдил ёфтааст.

Ҳамшаҳриёни муҳтарам!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз он қаноатманд аст, ки сокинони шаҳру деҳотамон зери парафшонии Парчами давлатӣ барои истиқболи арзандаву сазовори ҷашни бузургу шукӯҳманди миллиамон – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиш намуда, нақшаву ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаро тадриҷан амалӣ менамоянд.

  Ва дар ин ҷодаи созандаву пуршараф ҳамаи моро Парчами давлатӣ чун нишони  соҳибдавлатӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва ваҳдату ягонагӣ руҳу илҳоми тоза бахшида, ба ояндаи неку дурахшон раҳнамун месозад.

  Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии  Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зикр доштанд:

 «Парчами давлатӣ ҳамчун ливои зафару нусратҳои мардуми кишварамон ҳамаи моро ба сӯи ояндаинеку дурахшони Ватани азизамон ҳидоят менамояд».

Бори дигар, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамдиёрон шодбошӣнамуда, ба ҳар як хонадон бахту саодат ва файзу баракот орзу менамоям.

 

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Возврат к списку новостей