Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1112132
Сегодня
88
На этой неделе
876
В этом месяце
3524
Итого
1112132
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

12.11.2020

Тухтасунзода Абдусалом ичрокунандаи вазифаи Раиси шахри Конибодом таъин гардид

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Ахмадзода ҷаласа доир гардид.

Ҷаласаро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни оғоз карда, ҳозиринро бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодоми вилояти Суғд таъин намудани Тухтасунзода Абдусалом шинос намуд.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.11.2020, таҳти №59 Тухтасунзода Абдусалом иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом таъин карда шуд.

Аз ҷониби Раиси вилояти Суғд ҳолномаи раиси тозатаъин қироат карда шуд. Тухтасунзода Абдусалом 21.10.1975 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1998 Донишгоњи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо ихтисоси агроном- хокшинос хатм намудааст.

Аз соли 1999 то 2000 њисобчии бригадаи рақами 3-и ҷ/с Э.Бойматова ш.Конибодом, соли 2000 то 2003 ёрдамчии муҳандис-заминсози ҷ/с Э.Бойматова шаҳри Конибодом, соли 2003 то 2005 муҳандис-заминсози ҷ/с Э.Бойматоваи шаҳри Конибодом, солњои 2005-2006 сармуҳандис, соли 2007 то 2010 муовини раиси кумитаи идораи замини шаҳри Конибодом, соли 2010 то 2014 директори корхонаи давлатии фаръии замини шаҳри Конибодом, баъд сардори шуъбаи заминсозии корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки  ғайриманқул дар шаҳри Конибодом, соли 2015 то 2020 раиси идораи замини шаҳри Конибодом ва аз моҳи январи соли 2020 то њол раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Бобоҷон Гафуров кор кардааст.

Оиладор, соҳиби 5 нафар фарзанд мебошад.

Раиси вилоят ба собиқ раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода барои фаъолияти пурсамар ва ободониву созандагиҳо изҳори миннатдорӣ намуда, барои фаъолияти минбаъда муваффақиятҳо таманно намуд.

Инчунин, ба раиси тозатаъин Тухтасунзода Абдусалом барои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати Њукумати ҷумҳурӣ ва хизмати содиқона ба халқ барору комёбиҳо орзу кард.

Дар фарҷом раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр Солиҷон Раҳимов ва сардори Раёсати маорифи шаҳри Конибодом Бурҳониддин Ҷабборӣ баромад намуда, аз номи сокинони шаҳри Конибодом ба собиқ раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода барои анҷоми корҳои ободониву бунёдкорӣ ва фаъолияти самарабахш арзи сипос карда, ба раиси тозатаъин Тухтасунзода Абдусалом барори кор таманно карданд.

 

Возврат к списку новостей