Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1112132
Сегодня
88
На этой неделе
876
В этом месяце
3524
Итого
1112132
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

03.11.2020

Омодагии соҳаи маорифи шаҳри Конибодом ба мавсими зимистон

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» дар муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом корҳои муайяну мушаххас ба субут расонида шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки алъон дар ин ҷо 72 муассисаҳои маориф фаъолият мебаранд.

Дар раёсати маорифи шаҳр ба мо иттилоъ доданд, ки дар зиёда аз 50 адад мактабҳо 1025 адад печҳои бухорӣ тайёр шудаанду 43 муассисаҳои таълимӣ бо хати барқи озод таъмин буда, дар онҳо 252 адад гармкунакҳои барқӣ фаъол мебошанд.

То имрӯз дар муассисаҳои маориф ба миқдори 1138 тонна ангишт ва 289 метри мукааб ҳезум захира карда шудааст, ки ин нишондод иҷроиши пурраи нақшаҳои муқарраргардидаро бозгӯйӣ мекунад.

Барои таъмини фаъолияти мунтазами синфхонаҳои компютерӣ дар мавсими зимистон дар муассисаҳои таълимӣ 25 адад генераторҳои барқӣ мавҷуд буда, барои дар фурсатҳои зарурӣ корбаст намудани онҳо 103 литр сӯзишворӣ захира карда шудааст.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №№ 31,32,43 кӯдакистонхои  №№10,15, ки мо дидан намудем, барои таъмини раванди муътадили таълиму тадрис, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон тайёранд .

Дар 21 муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом буғхонаҳо мавҷуданд. Бо ташаббуси раёсати маориф ва кӯмаки кумитаи падару модарон солҳои охир ҷиҳати аз нав ба кор андохтани буғхонахо тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Масалан, дар арафаи мавсими сардиҳо  буғхонаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№38, 31, 15,33, 32 аз таъмири хушсифат бароварда шуда, системаи ягонаи гармидиҳӣ барқарор гардид.

Возврат к списку новостей