Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1112135
Сегодня
91
На этой неделе
879
В этом месяце
3527
Итого
1112135
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

26.10.2020

Вохӯрии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

Комиссияи ҳимояи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом фаъолияти худро баҳри ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон равона намуда, дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Ҳафтаи сипаришуда бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо бо мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, иҷрои Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати татбиқи тавсияҳо ва гузоришҳои муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак барои солҳои 2018-2022 ва Барномаи амали мақомот дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом вохӯрии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибуллозода Раҷабмоҳ бо аъзоёни Комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид. Зимни он фаъолияти комиссия таҳлил карда шуда, масъалаву муаммоҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ки ҳангоми фаъолияти аъзоёни комиссия ба миён меоянд, баррасӣ гардиданд. Ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани чораҳо барои пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ба аъзоёни комиссия дастурҳо дода шуд.

Инчунин, бо иштироки муовини Ваколатдор оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Ҳабибуллозода Раҷабмоҳ қабули шаҳрвандон низ доир шуд.

 

Возврат к списку новостей