Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1112133
Сегодня
89
На этой неделе
877
В этом месяце
3525
Итого
1112133
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

23.10.2020

ВАФО БА АҲД

Чи тавре қаблан иттилоъ дода будем, як гурӯҳ саховатмандон, аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатии дар Русия қарордошта ва соҳибкорону сокинони шаҳри Конибодом ба Беморхонаи марказии шаҳр дар давраи пандемияи коронавирус борҳо кӯмак расонида буданд. Ҳоҷатхонаи замонавӣ низ дар беморхона маҳз бо кӯмаки ин накӯкорон сохта шуда буд.  Инчунин, онҳо аҳд карда буданд, ки дар ояндаи наздик дар назди шуъбаи эҳёи Беморхона барои наздикони беморон айвончаи замонавӣ бунёд месозанд ва дар мумфаршгардонии саҳни дармонгоҳ низ ёрмандӣ хоҳанд кард. Инак, ин шахсони накӯхоҳ ба ваъда вафо карданд. Назди қабулгоҳи Беморхонаи марказӣ ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ асфалпӯш карда шуд.

Ҳамчунин, дар назди шуъбаи эҳёи Беморхонаи марказӣ ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ айвонча (беседка)-и замонавӣ бунёд гардид. Дар он шароити лозима, барои будубоши муваққатии пайвандони беморон махсусан, дар фасли сармо муҳайё буда, дару ромҳояш пластикӣ мебошад.

Дар омодаву насби дару ромҳои пластикӣ коргоҳи пластикии «Нексоз» саҳмгузорӣ намуд.

Бояд зикр кард, ки дар расонидани ин ҳама кӯмакҳо ва саривақт амалӣ намудани нақшаҳои хайрхоҳона вакили Маҷлиси вилоятӣ Заррина  Ғафурова низ ҳамчун ҳамоҳангсоз ҳиссаи арзанда доранд.

Шифокорон аз саховати навбатии накӯкорон шод гашта, арзи сипос баён карданд.

Возврат к списку новостей