Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1107268
Сегодня
13
На этой неделе
378
В этом месяце
7603
Итого
1107268
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

13.10.2020

Пешвои миллат - номбардори миллат

Миллати тоҷик пас аз давлатдории Сомониён бо гузашти зиёда аз ҳазор сол боз соҳиби давлат шуд, ки барои ҳар фарди солиму солеҳи ҷомеа фахр аз он ва ҳифзи он сабаби мустаҳкамии миллат ва давлат мебошад.

Миллати тоҷик бо олимону шоирон ва мутафаккирони худ фахр дорад ва дар хориҷи кишвар бо камоли махсусияту фараҳмандӣ аз зодагони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Имоми Аъзаму Имом Бухорӣ будан сухан мекунему дар назди миллатҳои дигар соҳибқадрем ва соҳае нест, ки дар он фарди тоҷик саҳмгузор ва дар рушду пешрафт хидмат накарда бошад ва ё асосгузор ва номбардор набошад. Ва дар ҳар соҳа вақте китоби таърихро варақгардон мекунем, нобиғаҳои нотакрори миллатро дар пешрафти илму фан ва соҳаҳои гуногун дармеёбем.

Пешниҳодоти ҷаҳонӣ

Бо ифтихор мегӯем, ки имрӯзҳо на фақат миллати тоҷик, балки олами ҳастӣ аз ташаббускориҳои Пешвои Миллат бохабар буда, Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии ташаббускор ва рӯ ба тараққиётниҳода мешиносад, ки ин аз хизматҳои Сарвари давлат ва муттаҳидии халқи тоҷик буда, дар олам нуфузи миллати моро боз ҳам боло бурда истодааст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ дорад. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва 2018 – 2028 –умро Даҳсолаи байналмилалии амал ”Об барои рушди устувор” эълон кардааст. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯбаи ҳамин ду даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, аз иқдомоти наҷиби Сардори давлат ба ҳисоб меравад.

Ҷоизаҳо

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.

Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ-медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошад, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун ҳамчунин бо ордени алмосдори «Звезда мецената» (Ситораи сарпараст) — ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Меценаты столетия» (Сарпарастони аср), ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон — Аҳмадшоҳи Масъуд», ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия, ситораи ёқутии «Миротворец» (Сулҳовар), Медали тиллоии Маҷлиси халқи (Парлумони) Ҷумҳурии Мисри Араб, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени Шӯрои олимпии Осиё, Медали тиллоии арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) -и ЮНЕСКО, Ордени тиллоии Эҳёи Роҳи Абрешим, Медали тиллоии ба номи Николай Блохин -мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷираи тиллоии Ҷумҳурии Латвия, ордени Княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1-и Украина, Нишони Покистон — олитарин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудааст. (Викепедия)

Пас аз  овардани далелҳои дар боло зикргардида бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки боз як фарзанди фарзонаи миллат, номбардори миллати тоҷик, сиёсатмадори ҷаҳонӣ дар олами миллати тоҷику тоҷикистониён арзӣ ҳастӣ карда, тоҷи тоҷикро бо омаданаш пурнуру мунаввар сохт ва миллати тоҷик бо ӯ фахр дорад ва ӯ дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва пешрафт саҳми сазовор гузоштааст. Ӯ сиёсатмадорест, ки дар муддати кӯтоҳ миллатро сарҷамъ ва муттаҳид намуда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима дод ва ин сулҳи нодир имрӯз мавриди омӯзиши сиёсатмадорон қарор дорад ва инчунин тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид, ки ин ҳама мавқеи миллати моро дар арсаи сиёсӣ боз ҳам мустаҳкамтар мекунад. Ва ин ҷо он чӣ ки дар замири қалби ҳар як тоҷики дӯстдори Ватан ҳаст, мо фақат дар шакли назм меорем:

                                              Ба Пешвои Миллат

Миллати тоҷик фахр дорад бо Шумо,

Уммати хосед бар Паёмбар мустафо (с).

Тоҷи тоҷик аз нав дурахшид бо Шумо,

Миллати тоҷдорро Пешвои аъзам Шумо.

Роҳнамои миллат дар дину дунё Шумо,

Тоҷиконро дар ҷаҳон муршид Шумо.

Тоҷикон эҳтироми хос доранд бар Шумо,

Бо камоли хос гӯем: Пешвои мо - Шумо.

 

                                                                                      Нурулло Ҳидоятов

Возврат к списку новостей