Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1107267
Сегодня
12
На этой неделе
377
В этом месяце
7602
Итого
1107267
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

11.10.2020

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ СОКИНОНИ КОНИБОДОМ ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧТ

Чун дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Конибодом низ сокинон аз субҳи барвақт, бо дарки баланди масъулиятшиносӣ барои иштирок дар интихоботи президентӣ ба участакаҳои интихоботӣ ҳозир шуданд. Аз соати 6:00 дар 57 участкаҳои интихоботии ҳавзаи интихоботии Конибодом № 28 маъракаи интихоботи Президенти  ЧТ шуруъ  гардид. Ин ҳавза аз 57 участка иборат буда, шумораи умумии интихобкнандагони он 135154 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 4404  нафар бори нахуст дар интихобот иштирок менамояд.

Дар участкаи №1 2655 нафар овоздиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор 96 нафар бори аввал овоз медиҳанд. Фаъолнокии интихобкунандагон дар ҳудуди участкаи мазкур бештар ба назар мерасид ва то соати 12:00 дар ин ҷо аллакай 70-80  фоизи мардум мавқеи худро нисбат ба номзадхо  пешбарӣ шуда интихоб  карданд. Дар участкаи интихоботии №30 низ маъракаи интихоботи Президенти ЧТ муташаккилона ва мувофиқ ба меъёрҳои Конститутсияи ЧТ ва  қонунхои марбута сурат мегирад. Дар ин участка 1834 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки  91 нафар аз онҳо бори нахуст дар интихобот иштирок менамояд, ки то нисфирӯз дар ин ҷо 85 фоизи интихобкунандагон аз хуқуқи овоздиҳии худ истифода бурдаанд. Баҳри дар доираи талаботи Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон баргузорнамоии ин чорабинии сиёсӣ дар шаҳри Конибодом тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд   

Возврат к списку новостей