Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1107265
Сегодня
10
На этой неделе
375
В этом месяце
7600
Итого
1107265
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

04.10.2020

Гусели ихтиёриён ба сафи куввахои мусаллах

Дар назди бинои комиссариати ҳарбии шаҳри Конибодом ба ифтихори гусели  140 нафар ихтиёриёни аввалин дар мавсими ҷорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ бо иштироки роҳбарият ва фаъолони шаҳр, кормандони комиссариати ҳарбӣ ва афсарону аскарони қисмҳои низомӣ, собиқадорон ва даъватшавандагону волидайни онҳо ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷавонмардони асили диёрро рохбарияти шахри Конибодом, раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва модари даъватшаванда бо накӯтарин орзуву умедҳо сидқан муборакбод гуфтанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи роҳандозии дурусти корҳои мафкуравӣ руҳияи ватандӯстонаи ҷавонони Конибодом пайваста боло меравад ва шумораи ҷавонони бошарафе, ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, тадриҷан зиёд мегардад. 

Дар вазъияти тантанавӣ ба як гуруҳ даъватшавандагон-  хамткунандагони мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.

Дар оғози маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, ихтиёран ба ҳифзу ҳимояи Ватан иқдом намудани 140 нафар ҷавонони шуҷоатманди шаҳру деҳоти Конибодом ва дар рӯзи аввалини мавсим ба хизмати ҳарбӣ сафарбарнамоии 140 нафари онҳо тақвиятбахшандаи иқдомот, далели дигаргунии мусбии мафкуравию маънавии аҳли ҷомеа дар ин самт арзёбӣ мегардад.

Ҳунарнамоии санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр, ки дар ин маҳфили хушу хотирмон саҳнаороӣ намуданд, ҷамъомадро шукуҳи тозае бахшид.

Возврат к списку новостей