Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1107268
Сегодня
13
На этой неделе
378
В этом месяце
7603
Итого
1107268
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

03.10.2020

Паёми шодбошии раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ба муносибати Рӯзи омӯзгор

Устодон ва омӯзгорони азиз!

          Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён Шумоёни гиромиро ба муносибати фарорасии ҷашни фархундаи Рӯзи омӯзгор самимона табрику таҳният гуфта, баҳратон тансиҳатию саодатмандӣ, рӯзгори ободу осуда, файзу иқболи баланд ва дар таълиму тарбияи насли наврас дастоварду комёбиҳои навинро орзу менамоям.

          Пешаи омӯзгорӣ, кору пайкори ҳамарӯзаи муаллими ҳақиқӣ, худафрӯзӣ ва сӯхтану сохтанҳои ӯ, заҳмати пайвастааш дар роҳи таълиму тарбияи насли навраси ҷомеа, тайёр кардани мутахассисон ва маърифатноксозии мардум сазовори ҳама гуна сипосу арҷгузорӣ ва эҳтиром мебошад. Омӯзгор машъали фурӯзонест, ки тинати мардумро нур мебахшад. Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳ ба мактабу маориф сол то сол афзун мегардад.

          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш заҳматҳои пайваста ва пурмасъули тарбиятгарони насли наврасро шоиста қадр намуда, таъкид доштанд, ки: «Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд».

         Дар ҳақиқат, шахсияти омӯзгор намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, тавозуъ ва хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва забардастии ӯст. Ранҷу машаққат ва шабзиндадориҳое, ки омӯзгор барои тарбияи насли шоиста таҳаммул мекунад, сарчашмаи файзбахши зиндагист, ки қалби шогирдонро ҳар лаҳза шодоб месозад.

          Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат пайваста ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас ва беҳбудии рӯзгори омӯзгорон ҳамаи имкониятҳоро равона менамояд.

          Изҳори боварӣ менамоем, ки шумоён - устодону омӯзгорони арҷманд, минбаъд низ, бо нерӯю тавоноии даҳчанд ва иродаи мустаҳкам дар иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Олии мамлакат дар таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ саҳми арзанда гузошта, барои расидан ба ҳадафҳои нек – тарбияи инсони баркамол ва ҷомеаи соҳибмаърифат тамоми маҳорату малакаи хешро равона месозед.

          Бори дигар, шумоён – омӯзгорони гиромиро бо иди касбиатон – Рӯзи омӯзгор самимона шодбошӣ намуда, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодату нусрат ва дар ҷодаи пурифтихори таълиму тарбия барору комёбӣ ва пирӯзиву сарбаландиҳо орзумандам.

         Бигзор, ҳамеша равшангари ҳаёти насли имрӯзу фардо ва пешбарандаи ҷомеа бимонед!

        Ид муборак, омӯзгорони арҷманд!

Возврат к списку новостей