Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1107267
Сегодня
12
На этой неделе
377
В этом месяце
7602
Итого
1107267
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

03.10.2020

Паёми табрикотии раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Зафарбек Давлатзода

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҳамасола дар кишвари азизамон санаи мубораки 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пуршукӯҳу хотирмон таҷлил мегардад.

Ба муносибати ин ҷашни фархундаи фарҳангиву маънавӣ тамоми ҳамшаҳриёнро бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза табрику таҳният мегӯям.

Чуноне ки маълуму равшан аст, забони шевову шоиронаи мо ҳанӯз дар даврони Сомониён ба ҳайси забони давлатӣ шинохтаву эътироф гардида, минбаъд, тӯли асрҳо чун забони илму адаб ва расмиву коргузорӣ дар ҳудуди Хуросону Мовароуннаҳр ва ҳатто берун аз он мавриди истифода қарор дошт.

Забони модарии мо туфайли заҳмату ғамхориҳои пайваста, хирадмандиву доништалабӣ ва фарҳанги азалии соҳибонаш, ниёгони сарбаландамон роҳи пуршебу фарози таърихро тай намуда, то замони мо асолати хешро ҳифзу нигаҳдорӣ  намуд.

Боиси сарфарозии мо, соҳибзабонон аст, ки маҳз бо ин забон  шеъру достонҳои оламгир ва рисолаҳои илмиву фалсафии мондагор эҷоду иншо гардидаанд.

Имрӯз дар даврони соҳибистиқлолии давлату миллатамон  забони ноби тоҷикӣ беш аз пеш рушду такомул ёфта,  чун забони давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ пазируфта шудааст ва баҳри тақвияти иқтидори он дар ин мақоми воло ҳамаи имконот равона гардидааст.

 Дар ин раванд, бахусус саҳми бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург буда, масъалаҳои эҳтирому арҷгузорӣ нисбат ба забони модарӣ зери таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад ва бешак, имрӯз забони миллиамон дар симои Сарвари маҳбуби халқ  ҳомиву ғамхори  худро дарёфтааст.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: “Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз  кунем”.      

Албатта, эътимоду боварӣ дорем, ки сокинони сарбаланди Конибодом баҳри рушду такомули минбаъда ва покизагии забони модариамон саъю талош намуда, чун ҳар фарди миллатдӯсту ватанпараст ба ин муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламон арҷ мегузоранд ва онро гиромӣ медоранд.

Ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи забони давлатиро бори дигар, ба ҳамаи ҳамдиёрон сидқан муборакбодӣ намуда, бароятон тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.

      Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Возврат к списку новостей