Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1107275
Сегодня
20
На этой неделе
385
В этом месяце
7610
Итого
1107275
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

29.09.2020

Муаррифии навъхои наву ояндадори пахта дар шароити тагйирёбии иклим

Дар шаҳри Конибодом бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Чумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзӯи «Муаррифии  навъҳои наву ояндадори пахта дар шароити тағйирёбии иқлим” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Муассисаи давлатии Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъхо оид ба муҳофизати интегратсионии пахта аз касалиҳову зараррасонҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом, олимон, селексионерон, роҳбарон ва мутахассисони стансияҳои давлатии навъсанҷии кишвар иштирок намуданд. Дар рафти семинар доир ба тухмиҳои нави санҷидашуда сухан рафта, ҳамчунон қайд карда шуд, ки озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо ва моҳияти он дар рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ басо муҳим аст. Аз он ҷумла, стансияи давлатии навъсанҷии шаҳри Конибодом дар ин самт ба натиҷаҳои беҳтарин ноил гаштааст ва дар байни стансияҳои кишвар яке аз беҳтаринхо ба шумор меравад. Номзади илмҳои кишоварзӣ Карим Чӯраев дар қитъаи навъсанҷӣ навъҳои ояндадори пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим ба иштирокчиён шинос кард.

Ба  стансияи давлатии навъсанҷии шаҳри Конибодом 29 гектар замини корам вобаста карда шудааст, ки соли 2020 дар майдони 3 гектари он  гандуми тирамоҳӣ, дар 24 гектар пахта ва дар 2 гектар юнучка кишт карда шудааст. Санҷиши 7 намуд пахтаи гурӯҳи навъҳои миёнанахи пешпазак, 9 намуд пахтаи гурӯҳи навъҳои миёнанахи миёнапаз ва 6  намуди пахтаи навъҳои пахтаи маҳиннах натиҷаҳои хуб ба бор оварда истодаанд.

Ҳамин тавр, семинар-машварат бо мубодилаи таҷрибаҳо ва суолу ҷавобҳои муфид анҷом пазируфт.

Возврат к списку новостей