Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1107269
Сегодня
14
На этой неделе
379
В этом месяце
7604
Итого
1107269
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

28.09.2020

ИЗХОРИ ТАСАЛЛИЯТ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо андӯҳи гарон хабар медиҳад, ки имрӯз, 28 сентябр қалби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Чалилӣ Абдувоҳид Карим аз задан бозмонд.

Чалилӣ Абдувоҳид Карим 2-юми марти соли 1978 дар деҳаи Қарақчиқум, ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Конибодом дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Мактаби миёнаи №29 ба номи С.Айнии ноҳияи Конибодомро соли 1995 хатм намудааст. Соли 1995 ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба факултаи «Ҳуқуқшиносӣ» дохил гашта, донишгоҳи мазкурро соли 2001 бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиро аз соли 2002 ба ҳайси котиби маҷлиси судӣ оғоз кардааст. Бо Фармони Раиси шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.09.2002с. таҳти №96 ба вазифаи иҷрочии калони суди шаҳри Конибодом таъин гардидааст. Сипас бо пешниҳоди раиси шаҳри Конибодом 31.01.2009 сол ба мансаби раиси ҷамоати деҳоти А.Лоҳутии шаҳри Конибодом таъин гардидааст. Фаъолияти кории худро дар ҷамоати деҳот давом дода, 30.07.2011 бо Фармони сардори хадамоти муҳоҷирати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сармутахассиси гузаргоҳи «Патар»-и шаҳри Конибодом таъин гардид. Сипас 02.02.2014с. аз мансаби ишғолнамуда бо хоҳиши худ аз вазифа озод гаштааст. Бо Амри раиси шаҳри Конибодом муваққатан  мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Раиси шаҳр таъин шудааст.

Аз 16.11.2015 сол то инҷониб дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Конибодом фаъолият дошт.

Оиладор, соҳиби 4 нафар фарзанд.

Афсӯс, ки миқрози аҷал риштаи умри ин ҷавонмарди иродатмандро дар айни камолот барканд.       

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз марги нобаҳангоми  ин роҳбари кордону марди нексиришт сахт андӯҳгин буда, ба аҳли оилаи марҳум, наздикону пайвандон ҳамдардӣ баён менамояд.

Ному кори нек ва муносибати хуби равоншод бо атрофиёну дармондагон дар дили дӯстону ҳамкорон ва пайвандон ҷовидона хоҳад монд.

Рӯҳатон шод, хонаи охирататон обод бошад, Абдувоҳид Чалилови гиромӣ!

Возврат к списку новостей