Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1107266
Сегодня
11
На этой неделе
376
В этом месяце
7601
Итого
1107266
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

24.09.2020

Чаласаи тарғиботию фаҳмондадиҳӣ

Дар доираи чораву тадбирҳои марбут ба маъракаи муҳими сиёсии дар пешистода - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши фарҳанги шаҳр аз ҷониби комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷаласаи тарғиботию фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд. Зимни ҷаласа Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самъи ҳозирин расонида шуд. Дар кори ҷаласа раиси комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Бобоҷонзода А., устодони Донишгоҳи кӯҳӣ - металургии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Осими Оқил ва Алишер Ғоибов иштирок ва суханронӣ доштанд. Осими Оқил ва Алишер Ғоибов ҳозиринро бо Барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи ҲХДТ, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири тамоми самтҳои муҳими ҷомеаи имрӯзу ояндаи дурахшони халқ мебошад, ошно намуданд. Мудири бахши фарҳанги шаҳр Ш.Каримзода, раиси комиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А. ва баромадкунандагон дар суханрониашон ҳозиринро ба иштироки фаъолона дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд.

Возврат к списку новостей