Посетители
08.09.2020
Паёми табрикии Раиси шаҳр мӯҳтарам Зафарбек Давлатзода
Сокинони азизу меҳнатқарини Канди бостонӣ!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни мубораку муқаддас, рамзи саодат ва шарафи беназири миллиамон - Рӯзи Истиылолияти давлатии Ҷумҳурии Тожикистон самимона табрику таҳният мегӯям.
Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, боарзиштарин муқаддасот ва бошукӯҳтарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро он мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд буда, такондиҳандаи ғурури миллӣ, заминасози рушду такомул ва пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагист.
9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи миллати куҳанбунёду фарҳангсолори мо гардиши куллӣ ва тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи эъломи Истиқлолияти давлатиамон дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақил бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.
Ин рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз имкон фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири хешро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодиро мустақилона ва бо ихтиёри худ интихоб намояд.
Инак, тӯли 29 соли соҳибистиқлолӣ миллати мо дар саросари ҷаҳон соҳиби обрӯву манзалати хоса гардида, бо азму иродаи ыавц тавассути созандагиву бунёдкориҳои бомаром ба фардои дурахшон ыадамьои устувор мегузорад ва беш аз пеш ба дастовардьои беназир ноил мегардад.
Асосгузори сульу ваьдати миллц - Пешвои миллат, Президенти Жумьурии Тожикистон муьтарам Эмомалц Раьмон дар ин радиф хеле бамаврид зикр намудаанд:
«Ҳар як нафар бояд шукрона кунад, ки баъди ҳазорсолаҳо мо соҳиби давлати соҳибистиқлол шудем ва тақдири худро ба дасти худамон гирифтем. Ҳар яки мо вазифадорем, ин ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолиятро содиқона ҳифз намоем. Кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем».
Ҳарфҳои мазкур бахусус, имрӯзҳо дар чунин вазъияти ноороми сиёсии ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ, бӯҳрони иқтисодиву молиявӣ, ҳамчунин паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз қабили GOVID-19 ва дигар ихтилофу мушкилотҳо ва печидагиҳо, ки онро раванди босуръати ҷаҳонишавӣ тақозо мекунад, аҳамияти дучанд касб намудаанд.
Маҳз аз ин лиҳоз, зарур аст, то сулҳу оромӣ ва амну суботро, ки дар кишварамон аз баракати роҳбарии хирадмандона ва мудаббиронаи Пешвои муаззами миллат пойдор аст, қадр намоем, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи бузургтарин неъмати ҳастиамон – истиқлолу озодӣ омода бошем.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз он қаноатмандаст, ки сокинони шарафманду меҳнатқарини Канди бостонӣ алҳол, ба раванди созандагиьо вусъати тоза бахшида, дар тамоми соьаьои хоҷагии халқ ва самтьои фаъолият ба комёбиҳои назаррас сазовор мешаванд.
Боиси тазаккур аст, ки дар доираи омодагиҳо ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиамон аз 506 адад иншооти ҷашнӣ то имрӯз 348 иншоот мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Хушоянд аст, ки пешравиьо дар ҳамаи соҳаҳо эҳсос гардида, аҳли заҳмат баьри ижрои наышаву вазифаьои хеш ва татбиқи ҳамаҷонибаи дастуру супоришьои Ьукумати жумьурц ва маыомоти ижроияи ьокимияти давлатии вилояти Суғд тамоми имониятьоро фаровон ва самаранок истифода менамоянд.
Изҳори умеду итминон мекунем, ки ҳар яки шумо - ҳамдиёрони азиз, минбаъд ьам, дар баробари мардуми сарбаланди кишвари соҳибистиқлоламон баҳри ободиву сарсабзии ин Ватани маҳбуб ва осоиштагии рӯзгори сокинон аҳлонаву сарҷамъона саъй менамоед.
Ҳамзамон, рӯзҳои наздик дар маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли равон моро дар пеш аст, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ширкати фаъолона меварзед ва бо мавқеи устувори сиёсӣ, андешаи солиму хирадсолорӣ дар таҳкими истиқлолият ва рушду пешрафти давлатдории миллиамон саҳми арзанда мегузоред..
Дар ниҳоят, бори дигар, ьамаи шумо, ҳамшаҳриёни гиромиро ба ифтихори 29 – умин солгарди жашни Истиылолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, бахту саодат ва дар амалӣ гардидани орзуву ниятҳои накӯятон муваффақияту комёбиҳои беназир орзумандам.
Бигзор, Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиамон ҷовидонӣ бошад.
Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак, ьамдиёрони азиз!
Раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан
Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост
Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?