Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1128203
Сегодня
6
На этой неделе
496
В этом месяце
399
Итого
1128203
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

28.08.2020

Садо аз Конибодом

Инсон ихтиёр дорад кадом роҳро дар зиндагонии худ интихоб кунад, он роҳ рост аст, нек аст ва ё баръакс, роҳи ботил аст, роҳи фитнаву пур аз хатову бадбинӣ ва умуман дар кадом роҳе, ки қадам зада нашавад, он роҳ охир дорад, тамомшавӣ дорад, агарчӣ роҳи дарозу тӯлонӣ ҳам бошад ва он замон, вақте роҳ ба охир мерасад, қадамзанандаро чӣ интизор аст? ....

Агар Худованди мутаъол нафареро ба ҳоли худ гузорад, чунин инсон дарҳол гумроҳиро пешаи худ мекунад ва дидаву дониста роҳи ботилро ихтиёр мекунад, чунончӣ Муҳаммадиқболи Садриддин медонад, ки дар шариат фитна чӣ қадар амали баде аст, ки аз куштор ҳам вазнинтар ва медонад, ки Худованди қаҳҳор бандагонашро аз гузоридани лақабҳои бад ва садо кардан бо лақабҳои бад боздоштааст ва медонад, ки эҳтироми роҳбар мавқеи махсусро дорад ва медонад, ки умри дурӯғ кӯтоҳ асту дурӯғгӯ рӯсиёҳ ва медонад, ки тӯҳмат ҳаром аст ва рӯзи қиёмат тӯҳматкунанда то суханҳои худро исбот накунад аз дӯзах халос намешавад ва чаро боз даст ба ин ҳама амалҳои бад мезанад? Чаро дидаву дониста қадам ба муқобили Қуръон мегузорад? Мардумро муқобили ҳам мегузорад, як миллатро ба муқобили миллати дигар гузошта, тухми адоватро дар ҷомеа кишт мекунад? Чаро чунин аст? Чаро? Вақте, ки инсон ба олами ботинии худ фурӯ мераваду гӯш ба қалби худ мекунад, албатта ба тамоми саволҳои худ ҷавоби саҳеҳро меёбад, зеро дили муъмин назаргоҳи Худованди меҳрубон аст... Қисса мекунанд, марде буд дар бадахлоқиву бадрафторӣ ҳамто надошт, даст ба тамоми амалҳои бад зада ва шуғли дӯстдоштааш ҳам ғайбат буду тӯмат ва зинову зинокорӣ, фитнаву ҳасуду қатл ва тамоми он гуноҳони кабирае, ки Худованди мутаъол аз кардани он пайравони исломро боз доштааст ин мард он ҳамаро ба ҷо оварда ва орзу дошт бо шайтон вохӯрад, бо ӯ ҳамсӯҳбат шавад ва бо чунин нияту орзу зиндагии худро пеш мебурд. Худованди мутаъол ба ҳама чиз қодир ва подшоҳи мутлақ аст ва зоти яккаву ягона ва ҳар чиро хоҳад мекунад ва орзуи ин мардро баровардаи хайр мегардонад ва шайтонро ба сӯҳбати ин мард мефиристад. Шайтон бо ин мард вомехӯрад ва мард мепурсад, ки ту чӣ қадар бузург ҳастӣ, ки инсоният аз ту ба Худованд паноҳ мебарад, биё иттифоқ кунем, ки як моҳ кӣ бисёртар гуноҳ мекунад ва бо гузашти як моҳ дар ҳамин вақт ва ҳамин ҷо вомехӯрем ва аз амалҳои кардаамон ба ҳамдигар маълумот медиҳем. Бо сипарӣ шудани як моҳ, рӯзи муайяншуда он мард бо шайтон вомехӯрад ва нақл мекунад, ки чӣ тавр бо роҳи фитна як қавмро муқобили қавми дигар шӯрандохту дар натиҷа садҳо бегуноҳон қурбони фитнаи ӯ шуданд, чи қадр ба сабаи шаробнӯшониданаш мардҳо ҳамсарҳои худро талоқ додаанд ва чӣ қадар мурдуми бисёр бо фолбиниву фолбинравӣ аз доираи ислом баромаданд ва хуллас тамоми корҳои фасоди худро як ба як нақл карду аз шайтон хоҳиш кард, ки ӯ ҳам фасодкориҳояшро нақл карда бошад. Шайтон гуфт, ки замоне аз назди ту бармегаштам дар роҳ духтареро дидам, ки аз як тарафи роҳ мехост ба тарафи дигар гузарад ва аз он тараф ҷавоне намудор шуд, ки мехост ин кӯчаро убур кунад ва ман дар мобайни онҳо истода ба онҳо дӯстиву дӯстдорӣ ва ишқу муҳаббатро ҷилвагар намудам, ки ба ҳам табассускунон чашмашон ба чашми ҳам омад ва аз роҳ гузаштанд. Пагоҳ боз бо ҳам рӯ ба рӯ шуда, қадам ба сӯи ҳам гузоштанд ва пагоҳи дигар бо суханҳои ошиқона ва аз ишқу ошиқӣ сӯҳбате доштанд ва рӯзи дигар ҳамдигарро ба оғӯш гирифта аз ишқу вафодорӣ сӯҳбате доштан ва рӯзи дигар ҷои хилвате мекофтанду меҷустанд то коми дил бароранд ва ман назди ту омадам. Аз шунидани суханони шайтон мард бо такаббурӣ гуфт, ки дар як моҳ натавонистӣ ин дуро ба зино расонида бошӣ, боз туро ...  Шайтон гуфт:Агар онҳо якҷо шаванд ва аз зино фарзанде ба дунё оваранд, басанда аст, ки чун ту дунёро расво ва ба фасод бурда бошад....    

Амалҳои баду фитнаангезанда ва ба фасодбарандаи Муҳаммадиқболи  Садриддинро баъди хондани ин қисса ба фаросату дониш ва заковати ҳар хонандаи нуқтасанҷ ҳавола мекунем....

 

                                                   Ходимони дини шаҳри Конибодом 

Возврат к списку новостей