Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1128197
Сегодня
112
На этой неделе
490
В этом месяце
393
Итого
1128197
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

26.08.2020

Омодагӣ ба давраи зимистон дар шабакаҳои барқии шаҳри Конибодом

Дар шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иктисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз тарафи шабакаҳои барқи шаҳри Конибодом барои  фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон корҳои муайян ба роҳ монда шуда, ҷиҳати таъмини боэътимоди корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ бо нерӯи барқ дар самти истеҳсолию техникӣ корҳои зерин ба сомон расонида шудааст. Бо дарназардошти мушкилиҳои пешомада дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 барои бартараф намудани қитъаҳои аз назари ба амал омадани садама осебпазир ва кам намудани талафоти нерӯи барқ ноқилҳои сербори хатҳои интиқоли барқӣ иваз карда шуданд. Барои аз серборӣ озод намудани истгоҳҳои трансформаторӣ бо трансформаторҳои  пурқувват  иваз карда шуданд,  хатти интиқоли барқии ҳавоии 10 КВ бо дарозии 480 м сохта ба истифода дода шуд.  Шохҳои дарахтоне, ки ҳангоми боду борон боиси  садама мешуданд, тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи маблағи истифодаи барқ масъулияти ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои барк  ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, аксари сокинони мамлакат лампаҳои муосири каммасраф ва асбобҳои муосири рӯзгор, ки нерӯи барқро кам талаб мекунанд, истифода бурда истодаанд. Дар хиёбону гулгашт ва кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Конибодом тамоми таҷҳизоти равшанидиҳанда ба таҷҳизоти муосир ва лампаҳои каммасраф иваз карда шудаанд, ки ҳам зебо ва ҳам равшании бештар доранд ва нерӯи барқро сарфа мекунанд. Ин раванд дар ташкилоту муассисаҳо ҳам хуб ба роҳ монда шудааст.

Ба мавсими зимистонгузаронӣ сӯзишворӣ захира карда шуда,  ҳамаи трансформаторҳои барқӣ бо равганҳо пур карда шудаанд. Дар ҳамаи  иншоотҳо корҳои профилактикӣ гузаронида шуданд. 

Возврат к списку новостей