Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1128197
Сегодня
112
На этой неделе
490
В этом месяце
393
Итого
1128197
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

27.08.2020

Мулоқоти гурӯҳи кории вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом

Тибқи ҷадвали Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо иштироки аъзоёни гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти тантанаҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, инчунин оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили экстремизм ва терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дар байни ҷомеа мулоқоту вохӯриҳои судманд доир гардиданд. Дар мулоқотҳо Санавбари Голибон - мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнати ДДХБСТ, Абдукаримов Чамолиддин ва Махкамов Саидқул - устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Гафуров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мулоқотро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеаи датсгоҳи раиси шаҳри Конибодом Шоира Валиева ҳусни оғоз бахшид.

Дар ҷараёни мулоқотҳо аъзоёни гурӯҳи корӣ оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла фарҳанг ибрози назар намуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Юнеско таҷлили 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шайх Камоли Хуҷандиро ҷонибдорӣ намудааст ва чунин таваҷҷӯҳи хосаи ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ ба таъриху фарҳангамон бори дигар собит месозад, ки мо миллати дарвоқеъ фарҳангиву бостонием.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Эргаш Шарифов, инчунин дар коллеҷи технологии ба номи А.Каҳҳоров бо ҷалби сокинони дигар ҷамоатҳои деҳот доир карда шуданд.  

Возврат к списку новостей