Посетители
19.08.2020
Таҷлили иди касбии ҳомиёни солимии ҷомеа
Ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода суханронӣ намуда, кулли коркунони соҳаи тибби шаҳрро бо иди касбӣ табрик гуфт. Аз ҷумла қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати пешрафти соҳаи тандурустӣ чораҳои зарурӣ андешида, рушди соҳаро мавриди таваҷҷуҳи доимии хеш қарор додааст ва имкониятҳои мавҷуда дар ин самт самаранок истифода бурда мешаванд. Дар соҳаи тандурустии шаҳр тайи солҳои охир як қатор тадбирҳои судманд анҷом дода шуда, сохтмону таҷдиди марказу хонаҳои саломатӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, харидорӣ намудани таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, маблағгузории ин соҳаи муҳими ҳаёт сол аз сол афзоиш меёбад. Чораҳои андешида имконият фароҳам оварданд, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардида, дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ва баландшавии сатҳи маърифати тиббию санитарии аҳолӣ пешравиҳо ба қайд гирифта шаванд. Шаҳрдор хоса саҳми беназир ва фаъолияти пурсамари коркунони соҳаи тибби шаҳрро дар давраи пандемияи коронавирус зикр намуд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолон ва собиқадорони соҳаи тандурустии шаҳр аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Конибодом, Раёсати тандурустии вилоят ва шаҳр, маъмурияти Иттифоқи касаби коркунони соҳаи тибби вилоят ва шаҳр, кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Новости сайта Президента республики
- —Поздравительная телеграмма избранному Президенту Исламской Республики Пакистан Арифу Рахмону Алви
- —Речь по случаю 27-й годовщины Государственной независимости
- —Поздравительные послания от глав зарубежных государств по случаю 27-ой годовщины Государственной независимости Республики Таджикистан

Новости сайта ИОГВ Согдийской области
- —Молодёжь стран-участниц СНГ и ШОС обменялась научными знаниями в рамках Международного фестиваля в Согде
- —Более 250 представителей бизнес-кругов Таджикистана отправились в Ташкент
- —За счет пенсионных средств жительницы Аштского района построен мост

Опрос
Кадом намуди сайёҳиро бештар меписандед?