Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1128197
Сегодня
112
На этой неделе
490
В этом месяце
393
Итого
1128197
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

17.08.2020

Паёми табрикии раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Зафарбек Давлатзода

Басо хушоянд аст, ки дар чунин айёми накӯ, фарорасии  29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон  санаи басо хотирмон - Рӯзи касбии  кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба зодрӯзи  мутафаккири бузург, ҳаким Абӯалӣ ибни Сино рост меояд, таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат Шумоёни гиромиро самимона муборакбод намуда, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, бахту саодат ва рӯзгори ободу осуда таманно менамоям.

Боиси ифтихору сарбаландии ҳар яки шумост, ки дар ҳар давру замон табибон дар ҷомеа нақшу мақоми хоса ва эҳтироми беандоза доранд, зеро онҳо бо донишу заковат, дастони дармонбахш ва суханони нарму рӯҳнавози хеш сиҳативу саломатии инсонро ҳифз ва дарду ранҷҳояшро давову дармон мебахшанд.

Имрӯз низ табибон  дар ҷомеаи мо ҷойгоҳи муносиб доранд, зеро онҳо рисолати пурифтихори хеш – ҳифз намудани солимии халқро сарбаландона иҷро менамоянд.

Хусусан, имрӯзҳо, ки инсоният боз ба як муаммои ҷаҳонӣ – паҳншавии бемории сироятии коронавируси навъи COVID - 19 дучор шудааст, мо ҳамарӯза матонату корнамоии  ҳазорҳо табибонро дар ҳар гӯшаву канори сайёра мушоҳида  мекунем ва бори дигар аз садоқати беҳамтояшон нисбати савганди Гиппократ дар ҳайрат мемонем.

Дар ин раванд, яъне дар мубориза бо ин беморӣ ҳар яки Шумо, табибони шаҳр ҳам, дар канор набуда, тавассути меҳнату заҳматҳои шабонарӯзӣ дар муолиҷа ва аз марг раҳонидани даҳҳо нафар гирифторони ин беморӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаед.

Изҳори боварӣ дорам, ки минбаъд низ Шумоён ҳамчун мутахассисони варзида тавассути донишу маҳорати баланди касбӣ  баҳри солимии ҷомеа саҳми арзанда мегузоред.

 

Иди касбӣ муборак!

     

Возврат к списку новостей