Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1128206
Сегодня
9
На этой неделе
499
В этом месяце
402
Итого
1128206
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Внимание вакансия

17.08.2020

Табрикоти Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Зафарбек Давлатзода ба муносибати Рӯзи дониш

       Устодон ва толибилмони муҳтарам!

       Падару модарони гиромӣ!

 

Тавре ки равшан аст, Рӯзи дониш дар кишвари соҳибистиқлоли мо чун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба илму дониш ва хираду  маърифат дар партави омодагиҳо ба солгарди навбатии ҷашни Истиқлолияти давлатиамон ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамаи Шумоён, устодону омӯзгорон ва хонандагони азизро ба муносибати ощози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш  самимона табрику таҳният гуфта, бароятон дар фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш комёбиҳо таманно дорам.      

Ёдрас намудан бамаврид аст, ки ниёгони тамаддунофари мо аз қадим донишу хирад, ақлу заковат ва фарҳангу маънавиётро мояи ифтихору шараф ва сарфарозиии хеш ҳисобида, тавассути илму маърифат ва осори оламшумул ҷаҳонро тасхир намудаанд. Ситорагони илму адабамон тӯли асрҳо чарощи маърифатро ба ҳадде фурӯзон намудаанд, ки нуру зиёи он ҳанӯз ҳам  равшангару раҳнамои оламиён аст.

Имрӯзҳо низ, ин рисолати азалӣ идома дошта, кӯшиш ба ҳарҷ дода мешавад, ки рушди ҳамаҷонибаи мактабу маориф ва самаранокии таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад.

Бо ин мақсад  ҳамасола ба соҳаи  маориф ва дар ин замина баҳри дастгирии иҷтимоии кормандони соҳа  маблащгузорӣ  тадриҷан афзун гардида,  ин иқдом  натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меоварад.

Боиси қайд аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҷдиду азнавсозӣ ва бунёду сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таълиму тарбияи шоистаи насли наврас, азхудкунии донишҳои замонавӣ, тақвияти қобилияти эҷодӣ, омӯзиши забонҳо ва фанҳои дақиқро дар мадди назари аввал гузоштаанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ  иброз доштанд:

  «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳо сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд».

Эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” тақозо мекунад, ки бештар ба инкишоф бахшидани тафаккури техникии насли наврас таваҷҷӯҳ зоҳир шуда, омӯзиши фанҳои мазкур боз ҳам амиқтару фарохтар ва мутобиқ ба замони муосир роҳандозӣ гарданд.                                                    

Боиси қаноатмандист, ки имрӯзҳо, тамоми мактабҳои шаҳр ҳусну таровати тоза ва намуди идона касб намуда, баҳри истиқболи фарзандонамон омодаанд.

Албатта, изҳори итминон мекунем, ки ҷомеаи омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр  минбаъд ҳам, тавассути кӯшишу талошҳои аҳлона ба дастовардҳои сазовор ноил хоҳанд шуд.

Вобаста ба муаммои имрӯзаи ҷаҳон, паҳншавии бемории сироятии каронавируси навъи «COVID-19» бояд зикр намоям, ки аз рӯзи аввали таҳсил тамоми устодону омӯзгоронро зарур аст, ки баҳри пешгирии ин беморӣ корҳои фаҳмондадиҳиро миёни хонандагону волидайни онҳо ба таври  густурда  амалӣ намоянд.

Бори дигар, шумоён, омӯзгорону хонандагони гиромӣ ва падару модарони азизро ба муносибати ощози соли нави таҳсил ва бо фарорасии ҷашни бузурги миллиамон – 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба шогирдони азиз фатҳи қуллаҳои баланди дониш ва ба устодон дар иҷрои  рисолати муқаддасашон муваффақиятҳои беназир орзумандам.

           

      Иди дониш муборак, дӯстони азиз!

Возврат к списку новостей