Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1092162
Сегодня
7
На этой неделе
430
В этом месяце
2142
Итого
1092162
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

29.07.2020

Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар шаҳри Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом дар маросими ба истифодадиҳии коргоҳи дӯзандагӣ иштирок намуд.

Коргоҳи мазкур аз тарафи соҳибкор Наим Насибов дар маркази шаҳр сохта шуда, дар он барои 30 нафар ҷоий корӣ ташкил карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳ бо муассисаҳои таълимӣ шартномаҳо дошта, барои хонандагон либосҳои мактабӣ истеҳсол менамояд.

Раиси вилоят зимни боздид аз коргоҳи дӯзандагӣ барои васеъ намудани доираи фаъолият ва ба роҳ мондани истеҳсоли либосҳои гуногун тавсияҳо дод. Таъкид карда шуд, ки дар мактабҳои шаҳри Конибодом беш аз 34 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд ва барои хариди маҳсулоти дӯзандагӣ талабот зиёд аст. Бо назардошти ин муассисони коргоҳ бояд барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ба роҳ мондани либосҳои мактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоеви шаҳр бо ҷараёни сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази савдо шинос шуда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ, таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ, ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон дастуру супоришҳо дод.

Возврат к списку новостей