Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1112132
Сегодня
88
На этой неделе
876
В этом месяце
3524
Итого
1112132
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

27.07.2020

Идомаи мулоқоту вохӯриҳои муштарак

Тибқи ҷадвали мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар Чамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ мулоқоти навбатии муштараки масъулони шуъбаву бахшҳо баргузор гардид. Дар он мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Шоира Валиева, раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Солиҷон Раҳимов, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Мавзуна Чӯраева, сармутахассиси бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Маҳбуба Муҳитдинова, мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ЧТ дар шаҳри Конибодом Озода Курбонова, мутахассиси бахши танзими анъана ва ҷашну маросими миҳд-и шаҳр Шуҳрат Гиёсов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз андешаҳои судманд ироа шуданд. Аз ҷумла, доир ба тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, баланд бардоштани руҳияи ватандӯстии онҳо, назорати рафтори ноболиғон, татбиқи Конуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии сокинон, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар деҳот, рафти баргузории тӯю маъракаҳо ва амсоли ин муҳокимарониҳо сурат гирифт.

Сокинони деҳот ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Возврат к списку новостей