Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1092181
Сегодня
26
На этой неделе
449
В этом месяце
2161
Итого
1092181
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

25.07.2020

Натиҷагирӣ аз фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд  санаи 23 июли соли ҷорӣ дар толори  Коллеҷи технологии шахри Конибодом мачлиси чамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шахри  Конибодом оид ба ҷамъбасти фаъолияти КИШ ҲХДТ дар нимсолаи аввали соли 2020 бо иштироки аъзоёни кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва вакилони маҷлиси шаҳрӣ баргузор гардид.      

Дар кори ҷаласа Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А.Т, муовини Раиси шаҳр Ҳомидӣ Илҳом ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бобоҷонова Мутриба  ширкат варзиданд

Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома  «Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар нимсолаи аввали соли 2020»  ҷонишини раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Шерматова Фирӯза  маърӯза намуда, бобати самтҳои фаъолияти кумитаи иҷроия дар давраи сипаригардида муфассал ҳисобот дод.  Роҷеъ ба маърӯза  Самиев Ҳ. – раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар беморхонаи марказии шаҳр, Тӯраева М. – котиби ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ба номи Энаҷон Бойматова ва Баротов Ғ. – вакили маҷлиси шаҳрӣ  ба музокира баромаданд.        

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бобоҷонова Мутриба аз фаъолияти нимсолаи кумитаи иҷроия изҳори қаноатмандӣ намуда, кумиҷроияи шаҳриро яке аз фаъолтарин дар миқёси вилояти Суғд арзёбӣ намуд. Дар баробари ин баҳри ислоҳи баъзе камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти минбаъдаи кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Муовини раиси шаҳр Ҳомидӣ Илҳом доир ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом баромад намуда, кумиҷроияро шарики боэътимоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар самти тадбиқи сиёсати давлату Ҳукумат номида, нақши онро дар пешрафти хоҷагии халқи шаҳр муҳим арзёбӣ намуд.

Бобати масъалаи дуюми рӯзнома накшаи корӣ оид ба самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ барои нимсолаи дуюми соли 2020 мавриди баррасиву муҳокима қарор гирифта, тасдиқ карда шуд.

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома бинобар ба вазифаҳои дигар таъин гардидан ва ё иваз намудани баъзе аз аъзоёни КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар асоси қарои Маҷлиси КИШ ҲХДТ ба ҳайъати комиҷроия ва ҳамчунон ба ҳайати Раёсати КИШ ҲХДТ тағйирот дароварда шуд.

Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзнома дар асоси протоколи муассисон бобати таъсис додани ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар идораи “Садои Конибодом”, маҳаллаи “Ҳунармандон”-и ҷамоати деҳоти Пӯлодон ва раёсати маорифи шаҳр таъсиси 3 адад ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ аз ҷониби Маҷлиси КИШ ҲХДТ тасдиқ карда шуд.

Аз рӯи масъалаҳои ҷорӣ Ҳоҷиев Фирӯз – мудири шуъбаи ташкилии кумиҷроияи шаҳрӣ баромад намуда, бобати вазъи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ андешаронӣ намуд. Ҳамчунин доир ба масъалаҳои ҷорӣ мавзуъҳои мубрами рӯз аз қабили рафти маракаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” барои соли 2021, даъвати ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва рафти сохтмони бинои маъмурии КИШ ҲХДТ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Возврат к списку новостей