Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1112136
Сегодня
92
На этой неделе
880
В этом месяце
3528
Итого
1112136
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

25.07.2020

Даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид

Мубина Маҳкамова – соҳиби Шоҷоиза гардид

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Конибодом даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Шумораи зиёди иштирокчиён ва омодагии ҳамаҷонибаи онҳо ба озмун далели маҳбубияти хоса пайдо кардани озмуни мазкур буд. Беҳтарин иштирокчиён аз даври шаҳрии озмун ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони классики тоҷик байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ:

Чойи аввалро Курбонова Зарнигор – хонандаи МТМУ №24, ҷойи дуюмро Бегматова Мавлуда – хонандаи МТМУ №21 ва ҷойи сеюмро Илёсова Меҳрангез - хонандаи МТМУ№3 ишғол намуданд.

Дар номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони муосири тоҷик байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ:

Мақоми якум насиби Нозирова Азиза – хонандаи МТМУ№ 6

Ҷойи дуюм насиби Исроилова Шукрона аз гимназияи №1

ва ҷойи сеюм насиби Дадоҷонова Манижа аз МТМУ № 32 гардид.

Аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори бачагона байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ:

Суҳайлиддинова Дилноза хонандаи МТМУ № 24 мақоми аввалро соҳибӣ  намуда, ҷойҳои дуюму сеюм насиби Раҳимова Шукрона аз МТМУ№14 ва Чӯраева Шаҳзода аз МТМУ№3 гардид.

Аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ:

Ғолиби ҷойи аввал Тошматова Рухшона хонандаи МТМУ №20, ғолиби ҷойи дуюм Абдураҳмонов Хайём аз МТМУ№2 ва ҷойи сеюм Асомиддинова Марворид аз МТМУ №16 дониста шуданд.

Аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони классикии тоҷик байни донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҷойи аввал насиби Бойназарова Фарзона - донишҷӯи коллеҷи тиббӣ, ҷойи дуюм насиби Неъматова Умеда – донишҷӯи литсейи дӯзандагӣ ва ҷойи сеюм насиби Туранова Муҳайё – донишҷӯи коллеҷи технологӣ гардид.

Аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони муосири тоҷик ҷойи аввалро Хӯҷахонова Маҳина – донишҷӯи коллеҷи тиббӣ, ҷойи дуюм Дадоҷонова Маҳина – донишҷӯи коллеҷи омӯзгорӣ ва сеюмро Нозирова Маҳина –донишҷӯи коллеҷи технологӣ соҳибӣ намуданд.

Дар номинатсияи хондан ва азёд кардани адабиёти бачагона Пардаев Диёрбек ғолиб дониста шуд.

Аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони классики тоҷик байни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Мавлонова Хайриниссо – омӯзгори ЛКСК мақоми якумро ишғол намуд.

 Чойи якумро дар номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони муосири тоҷик:

Рӯзиева Шаҳло аз Чамоати деҳоти ба номи Гафурҷон Ортиқов ишғол кард. Дар ин номинатсия ҷойи дуюм насиби Турсунова Фархунда аз Чамоати деҳоти Пӯлодон ва ҷойи сеюм насиби Муродова Сайёра аз Чамоати деҳоти ба номи Раҷаб Хамробоев гардид.

Дар хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон Баротова Азиза –омӯзгори коллеҷи омӯзгорӣ ғолиб дониста шуд. Ёқубов Исроил аз Чамоати деҳоти Пӯлодон ва Урунова Дилшода аз Чамоати деҳоти ба номи Раҷаб Хамробоев ҷойҳои дуюму сеюмро соҳибӣ карданд.:

Дар номинатсияи шоирӣ омӯзгори МТИ Комилов Муртазо ва Кодирова Мадина аз МТМУ №23 мақомҳои якуму дуюмро ишғол карданд.

Шоҳҷоизаи озмун насиби хонандаи МТМУ№42 Мубина Маҳкамова гардид.

Озмун давоми ду рӯз идома ёфта, дар фарҷом ҳамаи ғолибон бо мукофотҳои пулӣ тақдиронида шуданд. Дар маросими ҷамъбастии озмун муовини раиси шаҳр Илҳом Хомидӣ ширкат варзида, ғолибони озмунро таҳният гуфт. Ба ғолибони ҷойи аввал мукофотпулӣ дар ҳаҷми 700 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 500 сомонӣ, ҷойи сеюм 300 сомонӣ ва барои Шоҳҷоиза 1000 сомонӣ супорида шуд.

Возврат к списку новостей