Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1092159
Сегодня
4
На этой неделе
427
В этом месяце
2139
Итого
1092159
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

15.07.2020

Вохӯриҳои муштарак

Дар асоси супориши раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Зафарбек Давлатзода зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хоҷагии  халқи шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2020 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, имрӯзҳо тибқи нақша дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот бо сокинон мулоқоту вохӯриҳои муштарак доир шуда истодааст. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мардум дар мулоқотҳои рӯ ба рӯ вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз суҳбатҳои муфид анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, чунин як мулоқот дар ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов доир шуд. Дар он аъзои гурӯҳи корӣ роҷеъ ба масъалаҳои ободониву созандагӣ, саҳмгузорӣ ҷиҳати истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, раванди ободкориву хуррамгардонии деҳот, раванди иҷрои қонунҳои миллӣ: «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тақвият бахшидани корҳои ташвиқотӣ дар самти баланд бардоштани руҳияи ватандӯстии наврасону ҷавонон, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, коҳиш додани тамоюли бегонапарастӣ ва пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, нигаҳдошти арзишҳои оиладорӣ, риояи чораҳои пешгирӣ аз мубталошавӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус сухан ронда, ба суолҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас гуфтанд.

Баргузории мулоқотҳо идома дорад.

Возврат к списку новостей