Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1086840
Сегодня
46
На этой неделе
270
В этом месяце
1639
Итого
1086840
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

01.07.2020

Фасодангезӣ кори инҳо...

Худованди меҳрубон тамоми махлуқоту мавҷудоти худро ҷуфт – ҷуфт офарида ва яке бидуни дигаре арзи ҳастӣ карда наметавонад, ки ҳар яки мо шоҳиди бевоситаи ин гуфтаҳо мебошем ва албатта ҳар як соҳибақл медонад, ки то дунё ҳаст, сафед ҳасту сиёҳ ҳаст, шаб ҳасту рӯз ҳаст, нек ҳасту бад ҳаст. Ва инсони хуб ҳамеша болонишин асту мавриди эҳтироми умум қарор гирифта ва ҳатто пас аз дунёро тарк кардан ҳам, барои зиндаҳо раҳматовар аст, чунончӣ аз маънии суханони Пайғамбари гиромиқадрамон (дуруду салом ба руҳи покашон) бармеояд, ки зикри амалҳои неки гузаштагон сабаби нузули раҳмати илоҳӣ аст бар зиндагон ва боз ҳам дар маънии ҳадис омадааст, ки беҳтарини шумо он нафаронеанд, ки ба ҷомеа нафъовар бошанд, аммо афсӯс, хеле афсӯс, ки бо овардани ин қадар далелҳои раднашаванда (он наворҳое, ки то ба имрӯз дар ТВ - ҳо пешкаши умум шуда...) боз ҳам Кабирию дигар аъзоёни ТЭТ ҲНИ барои худ хулосаи заруриро набароварда, даст ба фитнаву иғвогарӣ ва аз ҳама бад ҷавонони аз асли воқеа ноогоҳро бо тамоми қувва мехоҳанд ба тарафи худ кашида бошанд ва дар интернет, ки як майдони васеъ ва беканоре аст дар аспи ҷаҳолати бодпо саворанду ба ҳар тарафе, ки хоҳанд меронанд, аммо бехабар аз он, ки онҳо радкардашудагони миллатанд ва аз онҳо миллат ва тамоми аҳли ҷомеа безор аст, зеро Худованди қаҳҳору ҷаббор аз онҳо безор аст, албатта хонандаи закӣ далелу ҳуҷҷат талаб мекунад, барои исботи ин ҳама суханҳо рӯ меорем ба каломи илоҳӣ: “Ба дурустӣ, ту аз касоне, ки дини худро пароканда карданд ва гурӯҳ- гурӯҳ шуданд, безорӣ”... Сураи Анъом, ояти 159. Ин нафарон ҳамон гумроҳонанд, ки муҳри гумроҳӣ дар қалби онҳо гузошта шуда ва ин нафарон ҳамон фосиқонанд, ки Пайғамбари гиромиқадр нишонаҳояшонро гуфтаанд, чунончӣ дар ҳадис меоранд: ”Фосиқ се аломат дорад: Фасодангезӣ, зиён расонидан ба мардум, инҳироф аз роҳи рост”.

                                              Ҳидоятов Н., ходими дин

Возврат к списку новостей