Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1086852
Сегодня
58
На этой неделе
282
В этом месяце
1651
Итого
1086852
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

26.06.2020

Паёми табрикии раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамдиёрони гиромӣ!

 

Ҳамасола дар қаламрави кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи мубораку фаромӯшнопазири 27-уми июн ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ бо шодиву нишот ҷашн гирифта мешавад. Шумоёни гиромиро ба муносибати 23 - солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, баҳратон саломативу сарбаландӣ, рӯзгори ободу осуда, саодату нусрат ва  комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

Санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, зеро дар ин рӯз санади басо муҳими таърихӣ ва барои миллату давлати мо тақдирсоз - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

Ин воқеаи фараҳбахш аз нигоҳи сиёсӣ хеле арзишманд буда, дар пойдорӣ ва нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон нақши муассир гузошт ва  собит намуд, ки асолату ҷавҳари бунёди халқи тоҷик ақли солим, хирад ва  сулҳу созиш аст.

Маҳз ба туфайли ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон аз файзу баракати ваҳдати миллӣ ва истиқлолияту соҳибихтиёрӣ дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоду боварии комил ба фардои  дурахшон  қадам мезананд.

Боиси қаноатмандист, ки сокинони шаҳрамон низ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва оромию осоиштагӣ ба бунёдкориву созандагиҳо вусъати тоза бахшида, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Имрӯз мусаллам аст, ки миллати тоҷик агар бо шарофати истиқлолияти давлатӣ баъд аз ҳазор сол асолату ҳуввияти миллӣ, таърих, забону фарҳанг ва арзишҳои накӯву хоси миллии хешро эҳё намуда бошад, пас аз рӯйдодҳои ибтидои солҳои навадум маҳз тавассути ба имзо расидани Созишномаи  истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ худро аз вартаи нобудӣ раҳо карда,  ба ҳастии давлату миллат умри дубора бахшид.

Албатта, боиси қаноатмандист, ки мо, Конибодомиён низ, имрӯзҳо бо шукргузорӣ аз фазои орому осоишта, пойдории сулҳу субот ва устувории Ваҳдати миллӣ дар радифи ҳамватанони дигар бо қудрати созандагиву бунёдкорӣ аҳлонаву сарҷамъона азму талош намуда, баҳри ободиву сарсабзии Тоҷикистони азиз ва осоиштагии рӯзгори мардуми шарифамон  саҳм мегузорем.

Бешубҳа, ба мардуми кишвар ва тамоми ҷаҳониён маълуму равшан аст, ки дар меҳвари ҳамаи ин дастовардҳои бузург, пешрафту шукуфоӣ ва рушди бемайлони сиёсиву иқтисодии мамлакатамон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, беҳуда нест, ки мактаби сулҳофарии Сарвари маҳбубамон имрӯз беназир эътироф шудаву мавриди омӯзиши дигар халқу давлатҳо гардидааст.

Пешвои муаззами миллат ба мақому манзалати ваҳдати миллӣ дар таърихи халқамон ишора намуда, чунин зикр доштанд:  

 «Рукни бисёр муҳими истиқлолият ваҳдат ва иттиҳод аст. Дар радифи Истиқлолият Ваҳдати миллиро дастоварди бузурги таърихӣ медонем».

 

Ҳамшаҳриёни азиз!

Чуноне ки ҳамагон огаҳӣ доред, тамоми мардуми шарафманди кишварамон баҳри бошукӯҳ таҷлил намудани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон омодагӣ гирифта, баҳри вусъат бахшидан ба  корҳои ободониву бунёдкорона талош доранд. Бахшида ба ин санаи муборак дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот иншооти хизматрасониву маишӣ сохта ба истифода дода шуда, мумфаршкуниву ободонии як қатор кӯчаҳо идома дорад.  

Ҳамаи ин бунёдкориҳо дар тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватанпарастиву инсондӯстии сокинон нақши муҳим дорад.         

Итминони комил дорам, ки ҳар яки Шумоён, мардуми меҳнатдӯсти шаҳру деҳотамон минбаъд ҳам, тавассути кӯшишу талошҳои содиқонаву софдилона баҳри ободии сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ва устуворию пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ  саҳми арзандаи хешро мегузоред.

Дар ниҳоят, бори дигар тамоми сокинони шаҳрро ба муносибати фарорасии ин санаи муборак -  23- юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо камоли эҳтиром ва аз самими қалб муборакбод намуда, бароятон хонаи обод, рӯзгори осуда ва тандурустиву хушбахтӣ  орзумандам.

Бигзор, сулҳу ваҳдати Тоҷикистони азизу маҳбуб ҷовидона бошад.

 

       Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Возврат к списку новостей