Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1081847
Сегодня
63
На этой неделе
600
В этом месяце
510
Итого
1081847
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

21.05.2020

Паёми табрикии Раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода ба муносибати Иди саиди Фитр

Ҳамдиёрони азиз!

Пас аз чанд рӯзҳои бошумор кулли мусулмонони сайёра, аз ҷумла, сокинони шарафманди Тоҷикистони азизамон  яке аз ҷашнҳои азизу муътабар – Иди саиди Фитрро таҷлил менамоянд. 

Қаблан, иҷозат фармоед, Шумоён, сокинони сарбаланди диёрро ба муносибати фарорасии ин Иди муборак самимона табрику таҳният намуда, бароятон аз даргоҳи Худованди муттаол тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори хушу босаодат ва ба ҳар як хонадон файзу баракот таманно намоям.

Тавре ки мусаллам аст, Иди саиди Фитр аз ҷумлаи маросимҳои муҳими мусулмонон маҳсуб ёфта, онро ҳанӯз аз даврони ҳазрати Расули акрам (с.) то ба имрӯз бо фараҳмандиву шукргузорӣ истиқбол ва ҷашн мегиранд. Иди мубораки Рамазон ё иди саиди Фитр ҷашнест, ки он бар ивази сабру таҳаммули якмоҳа аз ҷониби Яздони пок ба бандагони парҳезкораш чун подош ё мукофоти амал дода мешавад, ки ҳар яки мо аз ин неъматҳои худовандӣ сипосгузор бошем.

Шукронаи даврони истиқлолият ва сулҳу ваҳдати комил, туфайли иқдоми хирадмандонаи роҳбарияти давлату Ҳукумат, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол барои баланд бардоштани маърифати динии шаҳрвандон ва қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодии мардум заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, ин шароит ба сокинони кишвар имконият медиҳад, ки озодона эътиқоди динии хешро ба ҷо оварда, арзишҳои динию мазҳабиашонро гиромӣ доранд.

Дар ин раванд сокинони шаҳрамон дар муҳити созандаву бунёдкорона ва фазои дӯстиву рафоқат баҳри ба ҷо овардани фарзу суннатҳои ид, махсусан,  хайру эҳсон, додани садақа ба муҳтоҷону ниёзмандон, аёдати беморону барҷомондагон ва мискину ятимон корҳои савоберо анҷом медиҳанд.

Нишонаи баланд ва намунаи барҷастаи саховатмандӣ, ҷавонмардӣ ва ғамхориву дилсӯзиро паямбарамон, ҳазрати Расули акрам нишон дода буданд, ки аҳли уммат бояд аз он пайравӣ намоянд ва  ин амалҳои неку хайрро бештар анҷом бидиҳанд, зеро ки дар ин айём арҷу подоши ин амалҳо чандин маротиба афзун хоҳад гашт.

Изҳори итминон мекунам, ки дар ин рӯзҳои муборак шаҳрвандони гиромӣ, хосатан, соҳибкорону саховатмандон, роҳбарону сарварон дар партави даъвату ҳидоятҳои Сарвари давлатамон, бо такя бар ҳадису фармудаҳои Қуръони шариф ва ҳадисҳои набавӣ рӯ ба хайру сахо оварда, ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа дасти ёрӣ дароз менамоянд ва ҳама якҷоя минбаъд низ, ба тозагиву ободии диёри азизи хеш ва рушду нумӯи он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба корҳои созандагиву бунёдкорона вусъати тоза  мебахшем, сулҳу ваҳдати пойдорро дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳамеша гиромӣ дошта, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон талош хоҳанд кард.

Бо чунин орзуву ниятҳои нек, бори дигар, ҳар яки Шуморо бо Иди саиди Фитр сидқан  муборакбод  гуфта, аз даргоҳи Худованди муттаол бароятон  имону эътиқоди комил, бахту иқболи баланд, дили шоду хонаи обод, ризқу рӯзии фаровон ва саодати рӯзгорро таманно дорам.

   

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

Возврат к списку новостей