Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1081848
Сегодня
64
На этой неделе
601
В этом месяце
511
Итого
1081848
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

20.05.2020

Амалиёт дар бозори марказӣ:

«Дар хона бимонед, дар ҷойҳои серодам масофаро риоя кунед!

Чӣ тавре маълумотҳо оид ба роҳҳои сироятёбӣ ба бемории коронавирус  собит месозанд, хавфи гирифторшавӣ ба ин вирус дар ҷойҳои серодам бештар аст. Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипарӣ дар бозори марказии шаҳр амалиёти фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Тавассути дастгоҳи тепловизор ҳарорати бадани ташрифовардагон санҷида шуда, ба нафарони калонсол фаҳмонида шуд, ки дар ин рӯзҳо хубтар аст ба кӯча, алалхусус, ба мавзеъҳои серодам набароянд.

Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ШВКД ҶТ дар ш.Конибодом тавассути дастгоҳи тақвияти овоз бори дигар мардумро ҳушдор доданд, то худро аз сирояти ин вабои аср эмин доранд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд, масофаи муайяншударо сарфи назар накунанд.

Ба сокинони шаҳр аз ҷониби кормандони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр Муроҷиатномаи Раиси вилояти Суғд тақсим карда шуд.

 Ҳамдиёрони азиз!

Дар хона бимонед, барои мубтало нашудан ба ин беморӣ масофаро риоя кунед!

Возврат к списку новостей