Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1081848
Сегодня
64
На этой неделе
601
В этом месяце
511
Итого
1081848
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

19.05.2020

Фаъолияти табибони тибби оилавӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории Ковид-19

Дар шаҳри Конибодом тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси Ковид-19 беш аз беш тақвият меёбанд. Аз ҷониби духтурон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ корбарӣ идома дошта, онҳо тариқи хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.  

Дар тобеияти  Шабакаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Конибодом 188  муассиса қарор дошта, ҳамагӣ дар муассисаҳои воқеъ дар шаҳру деҳот 78 нафар духтурони тибби оилавӣ ва 200 нафар ҳамшираҳо фаъолият доранд.

Лозим ба зикр аст, ки табибони тибби оилавӣ дар баробари бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ин беморӣ инчунин беморонеро, ки ҳолати сабуктар доранд, ё бо дигар бемориҳо бистарианд, рафта дар хонаҳояшон муолиҷа мекунанд. Инчунин дар саривақт муайян намудани бемории коронавирус ин табибон ва ҳамшираҳои шафқат саҳми муассир доранд.

Дар 4 мавзеъ: гузаргоҳҳои наздисарҳадии Патар ва Равот, даромадгоҳи шаҳр дар деҳаи Санҷидзор ва инчунин деҳаи Маданият нуқтаҳои санитарии карантинии шабонарӯзии тиббӣ ташкил карда шуда,  духтурони тибби оилавӣ ҳар шаҳрванди ба шаҳр воридшударо тавассути дастгоҳи махсус аз назар мегузаронанд.

Имрӯзҳо ҳамаи духтурон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ бо либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин буда, онҳо бо дасту дили пок баҳри ҳифзи солимии ҷомеа кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд. 

Маҳз заҳмати шабонарӯзии кормандони соҳаи тиб аст, ки гирифторони ин беморӣ саривақт муайян карда шуда, паҳншавии он дар миқёси шаҳр пешгирӣ карда шуд.

Аз тамоми сокинони шаҳр даъват ба амал меорем, ки қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоед!

                     Нуъмон Умаров, Парвина Абдуллоева, Ислом Ахмедов

Возврат к списку новостей