Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1081848
Сегодня
64
На этой неделе
601
В этом месяце
511
Итого
1081848
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

16.05.2020

50 соли зиндагии якҷояи пурнишот

Оилаи Юсуфовҳоро дар Конибодом аксарият мешиносанд. Дар маҳаллаи «Ҳунармандон» ин оила бо тифоқӣ, ҳамдилӣ, некройӣ ва накӯкорӣ ном баровардааст. «50 соли зиндагии якҷоя!»- бо гуфтан саҳл аст. 50 соле, ки бидуни нофаҳмӣ, хархашаю ҷанҷол паси сар намуда, бо ҳурмату эҳтироми якдигар ва хешовандони ҳамдигар, якдигарфаҳмӣ шоду масрур бо ҳам мебинанд. Давоми ин солҳо соҳиби фарзандону наберагони дӯстрӯ ва арӯсони хушрафтор гардида, зиндагии осудаҳолона доранд.

Асоси ин оилаи устувор ва хушбахт пеш аз ҳама модари хонадон Маҳбубахон Азимова мебошанд, ки тӯли умри бобаракати хеш бо сабуриву тамкини хос, хушсуханиву меҳрубонӣ фарзандони солеҳ ба воя расонида, ба арӯсони хонавода сариштакорию растагориро омӯхта, ҳидоятгари ҳамагонанд. Ин зани нуронӣ – модари 1 фарзанд, модаркалони 3 набераю 9 абера ва 18 чабера, инчунин хушдомани ғамхори 5 арӯс (арӯсони фарзанду набераву абера) мебошанд.

Зани фаъол, кордида, хушсухану некрафтор Маҳбубахон Зоирова арӯси ана ҳамин хушдомани некбин буда, имрӯз оилаи онҳо аз оилаҳои намунавии Конибодом маҳсуб меёбад. Худи он кас аллакай насиҳатгари оилаҳои ҷавон буда, дар баробари иҷрои рисолати модарӣ, уҳдадориҳои хонаводагӣ ва вазифаи сарварии маҳалла, ҳамзамон дар мустаҳкамии оилаҳо низ ҳиссагузорӣ менамоянд. Имрӯз бошандагон бо мақсади ҳалли муаммоҳои оилавӣ ба назди ин зани солор омада, бо дастуру роҳнамоиҳои он кас оилаашонро устувор мегардонанд. Чи тавре мудири шуъбаи кор бо зан ва оила Мавзунахон Ҷӯраева иттилоъ дод, дар ҳалли низоъҳои оилавие, ки ба дар назди шуъба ва ҳам Ташкилоти ҷамъиятии «Пайроҳаи хушбахтӣ» баррасӣ мегарданд, саҳми муаллима М.Зоирова низ назаррас аст.

Албатта, имрӯз бо насиҳату роҳнамоиҳои муаллима арӯсони хонадон маърифати оиладориро омӯхта, зиндагии пурсаодат доранд. Ҳамин тавр, ин занҷира, яъне занҷираи хушдоманҳои намунавӣ аз насл ба насл гузашта, оилаҳои тифоқу босаодатро ба вуҷуд оварда, шумораи пошхӯрии оилаҳоро коҳиш хоҳад дод.

Аз ҳаёти дигар оилаҳои шоистаи ибрат рӯзҳои дигар иттилоъ хохем дод.

PS: Оила пойдевори ҷомеа дар ҳама давру замон ба шумор рафта, асоси хушбахтӣ ва сарчашмаи пешрафту ободист.

Рӯзи байналмилалии оиларо ба пешсафон шодбош гуфта, саодати ҳамешагӣ, рӯзгори орому осоишта ва ҳаёти пурфайз таманно менамоям.

Возврат к списку новостей