Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1092174
Сегодня
19
На этой неделе
442
В этом месяце
2154
Итого
1092174
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

18.03.2020

Иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии наврӯзи

16 марти соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафар карда, дар чорабинии наврӯзии Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқови шаҳр ширкат варзид.

Сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов Иди байналмилалии Наврӯзро бо риояи суннату анъанаҳои милливу мардумӣ пешвоз гирифтанд. Дар наврӯзгоҳи ҷамоат хурду бузург сарҷамъ омадаву аз омадани Наврӯзи хуҷастапай шодиву хурсандӣ намуданд. Махсусан, шеърхонии кӯдакону наврасон, бозииву нишоти хурдсолон, оростани хаймаҳо ва дастурхони наврӯзӣ, суҳбати соҳибдилони маҳал, бозиҳои миллӣ, рақсу суруди идона ба тантанаи наврӯзӣ шаҳомати дигар бахшид.

Раиси вилоят аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинонро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, таъкид кард, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои Сарвари давлат Наврӯз ба иди байналмилалӣ табдил ёфт ва имрӯз дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи суханронии худ доир ба рафти омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, ҳозиринро ба корҳои ободониву созандагӣ, ки як рукни муҳими Иди Наврӯз мебошад, ҳидоят намуд.

Дар чорабинии наврӯзии сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом дастранҷи ҳунармандони маҳаллӣ дар растаҳои гуногун ба намоиш гузошта шуд, ки Раиси вилоят аз онҳо боздид намуда, ба ҳунари мардуми ин минтақа баҳои баланд дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Возврат к списку новостей