Председатель города

Тухтасунзода Абдусалом

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1112132
Сегодня
88
На этой неделе
876
В этом месяце
3524
Итого
1112132
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

13.03.2020

ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ КОНИБОДОМ

12 март дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом таҳти роҳбарии раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум бо иштироки  39 нафар вакилон ва даъватшудагон баргузор гардид.

Нахуст раиси комиссияи интихоботии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Иномҷон Бобоҷонов оид ба натиҷаҳои баргузории интихобот, ки 1 март сурат гирифт, маърӯза кард. Зикр намуд, ки номзадии 40 нафар аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ, 5 нафар аз кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист ва 85 нафар тариқи худпешбарӣ ба қайд гирифта шуда, қабл аз интихобот се нафар номзадии хешро бозпас гирифтанд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ 40 нафар ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр интихоб гардиданд.

Аз ҷониби вакилон қарор дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилон қабул гардид.

 Раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода ҳайати нави вакилони интихобгардидаро самимона муборакбод намуда, ба комиссияи интихоботӣ барои фаъолияти назаррас изҳори миннатдорӣ намуд.

Баъдан ҳар як вакили тозаинтихобгардида дар алоҳидагӣ савганд ёд карданд.

Дар асоси қарор Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Низомномаи комиссияҳои доимӣ тасдиқ гардида, комиссияҳои доимӣ ташкил ва ҳайати онҳо интихоб шуданд. Ҳамзамон вакилон чанде аз қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ намуданд.

Иҷлосия ҳамчунин масъаларо оид ба пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд № 2 мавриди муҳокима қарор дод. Аз рӯи натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ сартабиби беморхонаи № 1 - и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Ҳакимова Карима Муқимовна номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

Дар ҷараёни иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори корхонаи фаръии идораи хӯроки вилояти Суғд Баҳодур  Ёқубзода иштирок намуд.

           А. АБДУҶАББОР, сармуҳаррири нашрияи «Садои Конибодом»

 

Возврат к списку новостей