Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1092162
Сегодня
7
На этой неделе
430
В этом месяце
2142
Итого
1092162
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

07.03.2020

Номаи табрикии раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ба муносибати Рӯзи Модар

Модарону хоҳарони  гиромӣ!

 

Дар ин айёми зебои фасли сол - оғози эҳёи табиат, баҳори пурнакҳату муаттар ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз рост омадани Рӯзи модар рамзи басо нек аст, зеро соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи шумоён -  модарону хоҳарон ва бонувони сарбаланди шаҳрро ба муносибати ҷашни пуршукуҳ - Рӯзи Модар самимона табрику таҳният намуда, бароятон сиҳативу саломатӣ, хушбахтиву сарфарозӣ ва зебоиву дилороӣ орзумандам.

Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад.

Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд.

Беҳуда нест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан ҳамчун ояндаи давлату миллат эътибори хоса дода, барои ҳимоя аз ҳуқуқ ва ба кор таъмин намудани онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд.  Хусусан, Пешвои муаззами миллат оид ба нақши зан-модар дар ҷомеа дар аксари суханрониҳои худ изҳори ақида карда, ба нерӯи онҳо такя намуда, онҳоро «нигини пурҷилои тоҷи миллат» гуфтаанд.

Дар партави ин иқдоми дурандешона мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри ҷалби занон ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва фаъолияти босамари онҳо баҳри пешрафту ободии диёр таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Изҳори боварӣ мекунам, ки бонувони муҳтарами шаҳрамон минбаъд низ рисолати муқаддаси хешро ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ ва бақову пойдории меҳру муҳаббат идома бахшида, баҳри шукуфоиву ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол  нақши муассире мегузоранд. Бори дигар, тамоми занону модарон ва хоҳарону бонувони арҷманди шаҳрро ба муносибати ҷашни пуршукӯҳи Рӯзи модар бо камоли эҳтиром муборакбод намуда, ба ҳар яки Шумо тандурустиву саодатмандӣ, рӯзгори хушу осуда ва бахту иқболи накӯ орзумандам.

   Ид муборак бошад, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

Возврат к списку новостей