Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1086852
Сегодня
58
На этой неделе
282
В этом месяце
1651
Итого
1086852
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

03.02.2020

Идомаи мулоқотҳо оид ба фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар

Бо мақсади шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом вохӯриву мулоқот бо аҳолӣ идома дорад. Нимаи дуюми имрӯз чунин мулоқот дар ҷамоати деҳоти Патар доир гашт.

Раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода, прокурори шаҳр Набиев Н., сардори шуъбаи шаҳри КДАМ ҶТ Ҳукматов Р., сардори шуъбаи шаҳрии ВКД ҶТ Пирзода М., нуқтаҳои асосии Паёмро тавзеҳ доданд. Тазаккур дода шуд, ки Паёми сарвари давлат –дастури раҳнамо барои ҳар сокини кишвар буда, татбиқи амалии онҳо дар маҷмуъ дар баланд бардоштани сатҳи тнекуаҳволии мардум ва пешрафту ободии Ватан мусоидат хоҳад кард.

Дар мулоқот ҳамзамон қайд карда шуд, ки ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад.

Дар идомаи мулоқот сокинони ҷамоат саволу таклифҳои худро баён карданд.

                                      Дафтари матбуоти раиси шаҳр

 

Возврат к списку новостей