Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1054142
Сегодня
225
На этой неделе
1540
В этом месяце
4348
Итого
1054142
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

31.01.2020

Нишасти хабарии раиси шаҳри Конибодом бо рӯзноманигорон

Нимаи дуюми имрӯз, 31 январ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом нишасти матбуотии раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода бо рӯзноманигорон оид ба ҷамбасти фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2019 баргузор гардид. Дар он намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр ширкат варзиданд.

Дар нишасти матбуотӣ инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Абдумаликзода Бунёд иштирок намуд.

Рӯзноманигорон асосан оид ба масъалаҳои тадбирандешии роҳбарияти шаҳр дар самти амалигардонии ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ободкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, вазъи соҳаи кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар ободониву созандагиҳо, сатҳи ҳамкориҳо бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Узбекистон, дастгирии занҳои хонашин, рафти корҳои таъмир дар кинотеатри ба номи Комил Ёрматов, вазъи муассисаҳои садамавии маориф, вазъи омӯзиши забони русӣ дар макотиби шаҳр, ташкили бештари мағозаҳои китобфурӯшӣ дар ҳудуди шаҳру деҳот ва амсоли ин пурсиш ба амал оварданд.

 

                                                       Дафтари матбуоти раиси шаҳр

Возврат к списку новостей