Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1098781
Сегодня
70
На этой неделе
467
В этом месяце
2552
Итого
1098781
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

27.01.2020

Терроризм –вабои аср

Таҳдиди хориҷии зуҳуроти хатарноки терроризму экстремизм барои кишвари мо дида мешавад. Ин созмонҳои террористиву экстремистӣ баҳри зиёд намудани сафи аъзоёнашон эътибори махсусро ба ҷавонон равона намудаанд. Аз ин рӯ, ҷавонони тоҷик бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва барои баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбиниву донишашон саъю кӯшиш намоянд, то тавонанд  ҳамсолони худро аз ҳамроҳ гардидан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро боздоранд.

Имрӯз, мо бояд муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб пурзӯр созем. Танҳо дастҷамъона метавонем амнияту хониши хонадонамонро аз вуруди ғояҳои бегона шомилшавии ҷавонон  ба ҳизбу  ҳаракатҳои  террористиву эктремистӣ, гаравидани онҳо ба ин зуҳурот ҳифз намоем.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ нигаронӣ иброз доштанд, ки  «амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳад, ки терроризм имрӯз ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст».

Ҳаракатҳову амалиёти хатарзо дар аксар манотиқи олам давра ба давра вусат мебад ва ифротгароён барои расидан ба ҳадафҳои нопоку пурғарази худ аз ягон амали зишту нопок ва ваҳшиёна даст намекашанд.. Ифротгароён боиси бадбахтию маҳрумиятҳо хонавайрониву саргардонии ҳазорҳо ҳазор аҳолӣ дар кишварҳои алоҳида мешаванд, ободониҳоро валангор месозанд, тухми  адоват мекоранд ва ҷангу ҷаҳолатро  тарғиб менамоянд. Аз ин рӯ, мо бояд муттаҳид шавем ва барои саркӯб кардани қувваҳои тахрибкору инсонбадбин ҷидду ҷаҳд намоем.

Шарти муҳимтарин барои мубориза бо экстремизму терроризм мутаҳидию ҳамбастагӣ ва дӯстию рафоқати тамоми  сокинони сулҳпарвари  ҷаҳон мебошад.

 

Юлдошева М., омӯзгори МТМУ №2

Возврат к списку новостей