Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1054156
Сегодня
239
На этой неделе
1554
В этом месяце
4362
Итого
1054156
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

26.01.2020

Хиёнаткор Ватан надорад

Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватани азиз, таъмини амнияти давлат ва оромиву осоиштагии ҷомеа ва Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намоед.

                                                                                                    Э.Раҳмон

Агар саҳифаҳои таърихро варақгардон кунем, мебинем, ки тоҷикон миллати куҳанбунёди мо бомаърифат, бофарҳанг, инсондӯст, ватанпарвар, ватандӯст ва озодихоҳ будаанд. Ба монанди қаҳрамонон Шераку Спитамен, Деваштичу Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ, ки баҳри ватандорию ҳимояи он муборизаҳо бурдаанд. Мисоли қаҳрамонҳои боло Худованд ба мо шахсияти ворастаеро ато намуд, ки маҳз бо заҳмату талошҳои ватандӯстонаю миллатпарваронаи ӯ - Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо фахр аз он дорем, ки имрӯзҳо соҳиби Ватани соҳибистиқлолу осоишта мебошем ва сарбаландона худро «Ватандор» мегӯем.

Мутаассифона, баъзе аз ашхос ба ин калимаи олӣ хунукназарона рафтор мекунанд. Онҳо беватананд, зеро хиёнаткор ватан надорад. Одатан ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, зуд ба ҷараёнҳои ифротгароӣ (экстремизм) ва даҳшатафкан (терроризм) шомил гашта, ба хонаю дар, модару падар ва наздикон, ба Ватани худ хиёнат мекунанд.

Сабабҳои дигари моил ва шомил шудани ҷавонон ба равия ва ташкилоти экстремистӣ таълими ғайрирасмии динӣ дар маҳалла ва масҷиду хонаҳои истиқоматӣ мебошанд. Дар он ҷойҳо толибилмон нафаронеро ташкил медиҳанд, ки дониши дунявӣ надошта, ҷаҳонбинии онҳо дар заминаи ғояи таассуб ташаккул ёфтааст. Ин ашхос, ҷавонони раҳгумзадаву тираақл, беватан аслан на аз таълими ислом бохабаранду на аз сиёсати гурӯҳҳои манфиатхоҳ.

Хиёнаткор ватан надорад. Онҳо танҳо манфиати худро дар мадди аввал гузошта, падару модар, волидайнашонро дар охир танҳо мегузоранд. Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро масъалаи доғ аст. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки алайҳи ин амал мубориза барем.

Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди баномуси миллат мебошад. Бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад.

Бузургони миллат ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар медонанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хоинонаи ин гуна ашхоси хиёнаткорро маҳкум намуда, ба инҳо шадидан нафрат доранд. Харом бод, шири модар ба чунин ашхос, ҷавонони маслакгумкарда.

Аз ин лиҳоз, мебояд, ки ба тинҷию амонии кишвар, ки худ аз худ ба вуҷуд намеояд ва ин талошҳои ватандӯстонаи фарзандони миллат аст, он шахсиятҳоеро, ки баҳри амнияти кишварамон шабу рӯз дар хизматанд, дуои нек намоем. Ҳар яки моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди вабои аср-терроризму ифротгароӣ мубориза барем.

Мақсудова З., омӯзгори гимназия

Возврат к списку новостей