Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1047633
Сегодня
13
На этой неделе
195
В этом месяце
3439
Итого
1047633
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

08.01.2020

Натиҷагирӣ аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2019

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом доир ба баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2019 бо иштироки Директори КВД ХМК ҶТ Ҷамшед Табарзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҷлиси фаъолон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно намуд.
Илҳом Ҳомидӣ, муовини раиси шаҳр доир ба бурду бохти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр давоми соли сипаригашта иттилоъ дод.

 

Раиси шаҳр аз роҳбарони сохторҳо роҷеъ ба камбудиву муаммои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати бартараф намудани нуқсонҳои фаъолият муҳлат ва дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки дар самти таъсиси корхонаҳои саноатӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, ҷоннок намудани фаъолияти Шӯрои занони кумитаи маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои деҳот, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр, беҳбуд бахшидан ба вазъи таълиму тарбия, бартараф намудани қарздории сокинон аз истифодаи қувваи барқ, сифатан беҳтар намудани фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешида шавад.

Намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баромад намуда, доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят иттилоъ дод. Мавсуф аз фаъолони шаҳр даъват ба амал овард, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои алоҳидаи шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиёти мардум саъю кӯшиш намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишварро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гиранд.
Раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода дар фароварди маҷлиси фаъолон таваҷҷуҳи ҳозиринро баҳри иҷрои нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2019 ва вазифаҳое, ки барои соли 2020 муайян гаштанд, ҷалб намуда, даъват ба амал овард, ки роҳбарони соҳа баҳри фаъолияти густурда ва ҷамъбасти нишондиҳандаҳои назаррас дар соли ҷорӣ аз тамоми имконот ва сарчашмаҳо истифода намоянд.


                                                                                          Дафтари матбуоти
                                                                                     раиси шаҳри Конибодом

Возврат к списку новостей