Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1047622
Сегодня
2
На этой неделе
184
В этом месяце
3428
Итого
1047622
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook ************* Диққат озмун

31.12.2019

Бошад аблаҳ андар ҷустани айби касон

Айби худ аблаҳ надонад дар ҷаҳон,

Бошад андар ҷустани айби касон.

Воқеан иғвобарангезию душмантарошӣ, бепардагӯию туҳматҳои беасос шаҳодати аблаҳии "ватандорон"- и беватан аст, ки ботини пур аз фисқу фуҷури эшонро ифшо месозад. Заррае меҳри Ватан, муҳаббат ба меҳани ҷоноҷон дар қалбатон ҷӯш мезад, даст ба дасти ҳам гирифта, паҳлӯ ба паҳлӯ чун ëру бародар дар шукуфоии Тоҷикистони азиз, ки ҳар гӯшааш лаҳза ба лаҳза ободтару зеботар мешавад, саҳм мегузоштед.

Аммо чашми нафратбори шумо тоқати дидани зебоӣ надорад, дар ниҳодатон эҳсоси зебоипарастӣ кайҳо маҳв шуда, тамоми ҳастиятонро ҳисси бадбинию нафрат, кинаю адоват фаро гирифтааст. Он гунае, дар худ фурӯ мондаед, ки дарк намекунед, касе дигар фирефтаи ҳазëну буҳтонҳои шумо намешавад. Ин рафторатон симои бе ин ҳам манфури шуморо боз ҳам касифтар ҷилва медиҳад. "Паймони милли Тоҷикистон ". Ташкилоте, ки чор ëри зархарид дораду бас. "Ватандорон"- беватан! Фарсахҳо дур аз Тоҷикистон номи Ватанро ба забон меоранд. Агар  дилсӯзу ватандори ҳақиқиед, Ватан аз Шумост. Чаро боре дар сар фикри созандагию бунëдкориаш намекунед? Баръакс аз муаррифӣ гардидани Тоҷикистон дар ақсои ҷаҳон чун кишвари амну обод ва сайëҳӣ ноҳинҷор мешавед.

Аëнро чӣ ҳоҷати баëн аст? Дили торатон аз ободкориҳои кишвари азиз ноором метапад. Агар чунин намебуд, ба куштори сайëҳон даст намезадед!

Аммо ин бор "тушбераро хом шуморидед", оғои Кабирӣ!

Тоҷикистону мардуми сарҷамъаш хеле тавоност! Мегӯянд "зӯри беҳуда миëн мешиканад." Халқ худ мешиносад, ки дар ошӯбҳои солҳои навадуми қарни рафта низ шумо даст доред. Чӣ ваҳшонияту бедодгариҳоро ба сари мардум, модарон, хоҳарону тифлакон овардед, ки доғи ношустание ба миллат овард. Ҳарчандарон аст, таҳаммули ин рафтори хоинона дар гузашта монд.

Аммо имрӯз ҳама шоҳид аст, кӣ пайи ободии ин Ватан талош меварзад.  Баҳри зиндагии шоистаи ҳар яке ҷон меканад.

Аз Пешвои миллат то ҳар як ватандор як андеша ба сар доранд: Ватан обод намудану шод зистан. Ва ин маромро ба насли оянда мерос гузоштан!

 

                                       Фирӯзаи Абдулазиз, рӯзноманигор

Возврат к списку новостей