Председатель города

Давлатзода Зафарбек

Муовинони раиси шаҳр

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Город в картинках

Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5
Slide 5

Местная газета

Посетители

1081844
Сегодня
60
На этой неделе
597
В этом месяце
507
Итого
1081844
Мо дар шабакаи иҷтимоии Facebook

30.12.2019

Табрикоти солинавии раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода

Ҳамдиёрони азиз!

 

Инак, пас аз рӯзҳои бошумор Соли нави милодии 2020 фаро мерасад. Ба ин муносибат Шумоёнро самимона табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки офияти пайваста, иқболи баланд, саодати зиндагонӣ, комрониву хушрӯзӣ ва оромиву осудагӣ ҳамрадифи рӯзгоратон бошад.  

Соли сипаришудаистодаи 2019-ум дар саҳифаҳои таърихи кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун соли фаромӯшнопазиру таърихӣ, комёбиву муваффақиятҳо ва ифтитоҳи иншоотҳои ҳаётан муҳим, соли дастовардҳои камназир, дигаргуниҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ дар хотири ҳар як сокини кишвар нақш хоҳад баст.

Ин соли фаромӯшнопазир чун оғози “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар эҳё намудани суннатҳои бостонии миллати тоҷик ва рушду пешрафти соҳаи сайёҳӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиамон ва ташвиқу тарғиби гӯшаву маконҳои таърихиву тамошобоби кишвари биҳиштосоямон дар арсаи байналмилалӣ нақши хеле муҳим дорад.

Мавриди зикр аст, ки сокинони шаҳру деҳотамон аз оғози сол бо иқдому ташаббусҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба корҳои ободониву созандагӣ ҳамҷоя рӯ оварда, баҳри сарсабзиву шукуфоии диёр ва осоиштагии рӯзгор аҳлона заҳмат кашиданд.  Роҳбарияти шаҳр қаноатманд аз он аст, ки дар соли 2019 дар  кулли соҳаҳои хоҷагии халқ пешрафтҳо ба даст оварда шуда, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ҳамчунин, кишоварзӣ, саноат ва сохтмон пешравиҳо эҳсос гардиданд ва  нишондиҳандаҳо хеле беҳтаранд. Ба истифода дода шудани наздик 200 иншооти гуногун, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва гузошта шудани таҳкурсии якчанд  коргоҳҳои саноатӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва майдончаву толорҳои варзишӣ, идомаи корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншоотҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, силсилаи корҳои ободонӣ дар маркази шаҳру деҳот ва амалӣ намудани силсилаи лоиҳаву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аз нуктаҳои муҳими фаъолиятамон дар ин сол ба шумор мераванд.

Албатта, изҳори итминон мекунем, ки дар соли нави 2020 низ дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор бо истиқболи сазовори ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар натиҷаи саъю кӯшиши аҳлона ва азму матонати қавӣ таҳти роҳбарии оқилонаву дурандешона ва халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободтар ва зиндагиамонро шоистатар менамоем.             

Бо чунин орзуҳои неку бепоён бори дигар, тамоми ҳамдиёрони азизро ба муносибати фарорасии Соли ҷадиди милодии 2020 сидқан муборакбодӣ намуда, баҳратон рӯзгори хушу хуррам ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон истиқлолияти ҷовидонӣ таманно менамоям.

 

Соли нави милодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Возврат к списку новостей